Трамп гуфтаи Путинро далели нодурустии сиёсати Байден хонд

© AFP 2023 / ANDREW KELLYЭкс-президент США Дональд Трамп
Экс-президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва яке аз номзадҳо дар интихоботи президентии соли оянда барои исботи иддаояш аз президенти Русия далел овард
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Таъқиби рақибони сиёсӣ дар ИМА аз ҷониби раисҷумҳури феълӣ, Ҷо Байден ба фоидаи Русия аст.
Ин нуктаро президенти собиқи ИМА, дар шарҳи сиёсати нодурусти Ҷой Байден изҳор дошт.
Трамп зимни суханронӣ дар назди тарафдоронаш аз суханони раҳбари Русия иқтисбос овард.
"Владимир Путин гуфт, ки таъқиби сиёсии Байден нисбат ба рақибон ба манфиати Русия аст, зеро он таназзули низоми Амрикоро нишон медиҳад ва дигар вонамуд карда наметавонад, ки ба дигарон демократияро таълим диҳад", - гуфт Трамп.
Ахиран расонаҳои амрикоӣ аз иттиҳомот алайҳи Трамп гуфтанд, ки бар асоси онҳо ба ӯ даҳҳо сол зиндон таҳдид мекунад. Бархе иттиҳомотро дорои ангезаи сиёсӣ гуфтанд.
Дар зимн президенти собиқи ИМА, иҷозати додгоҳ барои пешниҳоди номзадӣ ба мақоми раёсатҷумҳурро гирифтааст.
Додрас гуфт, гарчанде ки Трамп ҳангоми ҳамла ба Капитолия дар моҳи январи соли 2021 хушунати сиёсиро барангехтааст, вай савганди худро ба ҳайси президент вайрон накард.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2023
ВАО: Зеленский такроран талош дорад бо Трамп суҳбати телефонӣ кунад
Интихоботи навбатии президентӣ моҳи ноябри соли 2024 баргузор мешавад. Дар назар аст, Байден аз Ҳизби демократӣ дубора пешниҳод мешавад.
Як назарпурсӣ муайян кардааст, ки синни Байден барои иҷрои самараноки вазифаҳои роҳбари давлат монеа мебошад.
Дар назарсанҷӣ, 77%-и пурсидашудагон гуфтаанд, ки Байден хеле пир аст, ки барои чаҳор соли дигар ҳамчун роҳбари муассир боқӣ монад.
Лентаи хабарҳо
0