https://sputnik.tj/20231217/rahmon-amiri-qatar-inna-lillohi-inna-ilayhi-rojiun-1060949017.html
Раҳмон ба амири нави Кувайт: Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун
Раҳмон ба амири нави Кувайт: Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон аз хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ изҳори андуҳу ҳамдардӣ кард
2023-12-17T12:12+0500
2023-12-17T12:12+0500
2023-12-17T12:12+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
кувайт
даргузашт
ҳамдардӣ
паём
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0d/1060872433_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d687e3db6f72be52102b46305b35b2d0.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба амири нави Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи таслият фиристода, ҳамдардии ҳукумату мардуми кишварро аз даргузашти амири қаблӣ баён доштаст. Ӯ дар паёмаш гуфт, хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ боиси ғояти ҳузну андӯҳаш гардид.Дар идома аз шодравон ҳамчун ходими барҷаставу муваффаки сиёсиву давлатӣ ва яке аз шахсиятҳои намоён дар минтақа ва ҷаҳон зикр шудаст, ки барои густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт саҳм гузоштааст. "Вобаста ба ин талафоти гарон, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи инҷонибро ба мардуми бародари Кувайт баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум таслияти самимии хешро изҳор менамоям", - омадааст дар паём. Парвардигор марҳумро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад, дуо кардаст Раҳмон.Наваф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ 25 июни соли 1937 дар Кувайт таваллуд шудааст. Ӯ писари шашуми Шайх Аҳмад ас-Сабоҳ, даҳумин амири Кувайт Аҳмади I аст, ки аз соли 1921 то 1950 ҳукмронӣ кардааст.Вай аз моҳи сентябри соли 2020, пас аз марги бародараш Сабоҳи IV тахти Кувайтро раҳбарӣ мекард.Пас аз даргузашти амири феълӣ бояд бародари хурдии ӯ, валиаҳди 83-сола Мишаал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ вориси қудрат шавад.Ҳукумат ӯро аллакай амири нав эълон кардааст. Тибқи Қонуни асосии Кувайт, вориси тахт пас аз марги ҳоким ба таври худкор амир мешавад, аммо баъд аз савгандёдкунӣ дар назди порлумон – Маҷлиси Миллӣ салоҳияти комил дорад.
https://sputnik.tj/20230630/rahmon-vaziri-mudofiai-davlati-kuvayt-afghoniston-1058008603.html
https://sputnik.tj/20231216/amir-kuvayt-sinn-sol-darguzasht-1060947596.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0d/1060872433_234:0:2965:2048_1920x0_80_0_0_43c80e5229b6ea579755d408c554078a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, бозгашт, президент, тоҷикистон, худо
эмомалӣ раҳмон, бозгашт, президент, тоҷикистон, худо
Раҳмон ба амири нави Кувайт: Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун
Президенти Тоҷикистон аз хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ изҳори андуҳу ҳамдардӣ кард
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба амири нави Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи таслият фиристода, ҳамдардии ҳукумату мардуми кишварро аз даргузашти амири қаблӣ баён доштаст.
Ӯ дар паёмаш гуфт, хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ боиси ғояти ҳузну андӯҳаш гардид.
Дар идома аз шодравон ҳамчун ходими барҷаставу муваффаки сиёсиву давлатӣ ва яке аз шахсиятҳои намоён дар минтақа ва ҷаҳон зикр шудаст, ки барои густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт саҳм гузоштааст.
"Вобаста ба ин талафоти гарон, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи инҷонибро ба мардуми бародари Кувайт баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум таслияти самимии хешро изҳор менамоям", - омадааст дар паём.
Парвардигор марҳумро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад, дуо кардаст Раҳмон.
"Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун", - иқтибос овардааст дар охир президенти Тоҷикистон аз Қуръон, ки ба маънои ҳама аз Худоему сӯи ӯ бармегардем.
Наваф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ 25 июни соли 1937 дар Кувайт таваллуд шудааст. Ӯ писари шашуми Шайх Аҳмад ас-Сабоҳ, даҳумин амири Кувайт Аҳмади I аст, ки аз соли 1921 то 1950 ҳукмронӣ кардааст.
Вай аз моҳи сентябри соли 2020, пас аз марги бародараш Сабоҳи IV тахти Кувайтро раҳбарӣ мекард.
Пас аз даргузашти амири феълӣ бояд бародари хурдии ӯ, валиаҳди 83-сола Мишаал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ вориси қудрат шавад.
Ҳукумат ӯро аллакай амири нав эълон кардааст. Тибқи Қонуни асосии Кувайт, вориси тахт пас аз марги ҳоким ба таври худкор амир мешавад, аммо баъд аз савгандёдкунӣ дар назди порлумон – Маҷлиси Миллӣ салоҳияти комил дорад.