Амири Кувайт дар синни 86-солагӣ даргузашт

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2023
Обуна шудан
Пас аз даргузашти амири феълӣ бояд бародари хурдии ӯ, валиаҳди 83-сола Мишаал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ вориси қудрат шавад
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Амири Кувайт Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар синни 86-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора вазири умури амир Муҳаммад Абдулло ал-Муборак ас-Сабоҳ дар телевизиони давлатии кишвараш хабар дод.
"Мо аз даргузашти амир Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, ки рӯзи шанбе аз дунё рафт, мотам мегирем", - гуфт вазир.
Дар охири моҳи ноябр хабар дода шуд, ки амир ба далели вазъи саломатиаш дар бемористон бистарӣ шудааст.
Наваф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ 25 июни соли 1937 дар Кувайт таваллуд шудааст. Ӯ писари шашуми Шайх Аҳмад ас-Сабоҳ, даҳумин амири Кувайт Аҳмади I аст, ки аз соли 1921 то 1950 ҳукмронӣ кардааст.
Муаррихи шинохтаи тоҷик, профессор Усмонҷон Ғаффоров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2023
Даргузашти профессор Усмонҷон Ғаффоров, муаррихи шинохтаи тоҷик
Вай аз моҳи сентябри соли 2020, пас аз марги бародараш Сабоҳи IV тахти Кувайтро раҳбарӣ мекард.
Пас аз даргузашти амири феълӣ бояд бародари хурдии ӯ, валиаҳди 83-сола Мишаал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ вориси қудрат шавад.
Ҳукумат ӯро аллакай амири нав эълон кардааст.
Тибқи Қонуни асосии Кувайт, вориси тахт пас аз марги ҳоким ба таври худкор амир мешавад, аммо баъд аз савгандёдкунӣ дар назди порлумон – Маҷлиси Миллӣ салоҳияти комил дорад.
Лентаи хабарҳо
0