https://sputnik.tj/20230630/rahmon-vaziri-mudofiai-davlati-kuvayt-afghoniston-1058008603.html
Раҳмон бо вазири мудофиаи Давлати Кувайт вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
Раҳмон бо вазири мудофиаи Давлати Кувайт вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт рушду таҳкими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кард
2023-06-30T18:00+0500
2023-06-30T18:00+0500
2023-06-30T18:00+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
таҳким
ҳамкорӣ
равобит
кувайт
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1058007267_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_6276705c0053e14f8177e54457296abe.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳро вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлатро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуд.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Раҳбарикишвар дар ин мулоқот қайд кардааст, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо Кувайт аҳамияти пайваста зоҳир менамояд ва ин давлатро дар арсаи байналмилалӣ шарики муҳими худ медонад.Ҳамчунин ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи ҳамкории байнидавлатӣ бо такя ба усулҳои эътимод ва ҳусни тафоҳум, фазои мусоиди ҳамкорӣ ва заминаи боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.Кишвардори Тоҷикистон дар ин дидор дар бораи тавсеаи доираи ҳамёрӣ бо Кувайт дар миқёси сиёсӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, башарӣ, амният ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафҳо таъкид кард.Ба иттилои манбаъ ҳар ду тараф ба рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар таъмини амнияту субот таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.Раҳмон ҳамчунин аз ҳалли мусолиматомези масоили амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҷонибдорӣ намуда, нақши Кувайтро дар ин ҷода созанда донист.Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки тарафҳо дар робита ба масоили дигари мубрами ҷаҳони муосир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули афкор анчом дода шуд.Инчунин тарафҳо тавсеаи бештари ҳамкории пурсамари ду давлат дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
https://sputnik.tj/20230110/imzoi-sozishnomaho-sayyoh-tojikiston-kuvayt-1054094291.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1058007267_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_b2ca0d4ae0b6a7b0b9e41db7d9a96fed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, кувайт, раисҷумҳур, мулоқот, вазири дифоъ, таҳким, равобит, ҳамкорӣ
тоыикистон, кувайт, раисҷумҳур, мулоқот, вазири дифоъ, таҳким, равобит, ҳамкорӣ
Раҳмон бо вазири мудофиаи Давлати Кувайт вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт рушду таҳкими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳро вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлатро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Раҳбарикишвар дар ин мулоқот қайд кардааст, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо Кувайт аҳамияти пайваста зоҳир менамояд ва ин давлатро дар арсаи байналмилалӣ шарики муҳими худ медонад.
Ҳамчунин ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи ҳамкории байнидавлатӣ бо такя ба усулҳои эътимод ва ҳусни тафоҳум, фазои мусоиди ҳамкорӣ ва заминаи боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Кишвардори Тоҷикистон дар ин дидор дар бораи тавсеаи доираи ҳамёрӣ бо Кувайт дар миқёси сиёсӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, башарӣ, амният ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафҳо таъкид кард.
Ба иттилои манбаъ ҳар ду тараф ба рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар таъмини амнияту субот таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Раҳмон ҳамчунин аз ҳалли мусолиматомези масоили амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҷонибдорӣ намуда, нақши Кувайтро дар ин ҷода созанда донист.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки тарафҳо дар робита ба масоили дигари мубрами ҷаҳони муосир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули афкор анчом дода шуд.
Инчунин тарафҳо тавсеаи бештари ҳамкории пурсамари ду давлат дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ ба мақсад мувофиқ дониста шуд.