https://sputnik.tj/20231215/narkh-moshin-tojikiston-afzoish-1060936802.html
Андози роҳ аз мошинҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбад
Андози роҳ аз мошинҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси боло бурдани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон сар аз соли оянда ҳаҷми пардохти андози роҳ аз воситаҳои нақлиёт гарон мешавад
2023-12-15T18:00+0500
2023-12-15T18:00+0500
2023-12-15T18:00+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
андоз
ҳисоб
сомонӣ
нишондиҳанда
зиёд шуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/19/1057900593_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_6dec355b7646e34024fbd2f21fe50eb3.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек— Sputniк. Андози роҳ аз воситаҳои нақлиёт аз рӯи иқтидори муҳаррик, ки ба чанд “қувваи асп” баробар аст, ҳисоб мешавад. Пардохти ин намуди андоз асосан дар вақти гузаронидани муоинаи техникӣ (техосмотр) - и воситаҳои нақлиёт тақозо мешавад. Ҳоло пардохти андози роҳ барои ҳар як "қувваи асп"-и мошинҳо 5, сомонӣ аст. Бино ба таҳлилҳо ин нишондиҳанда дар соли 2024 ин рақам тағйир хоҳад ёфт. Роҳбари яке аз мағозаҳои комиссионӣ, Муҳиддин Сафаров, ки дар назди Идораи БДА вилояти Суғд фаъолият зимни суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки дар соли нав ҳаҷми пардохти андози қувваи асп беш аз 5% баланд хоҳад шуд. "Фарзи мисол ҳоло андози роҳи мошини тамғаи Opel, ки иқтидори муҳаррики он ба 75 қувваи асп баробар аст, 382,5 сомонӣ аст. Соли 2024 ин нишондиҳанда ба 405 сомонӣ баробар хоҳад шуд, ки сари ҳар як “қувваи асп” 5,4 сомонӣ рост меояд", - шарҳ дод, мусоҳиб. Ин болоравӣ ба далели афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, ки аз 1 январи соли 2024 аз 68 сомонии феълӣ ба 72 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Бар пояи маълумоти оморӣ, Тоҷикистон аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки қимати андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ барои гузаронидани муоинаи техникии мошинҳо дар муқоиса ба кишварҳои ҳамҷавор гарон гуфта мешавад. Аз ҳисоби баланд шудани ҳаҷми нишондиҳандаи ҳисобҳо инчунин қимати сиёҳ кардани воситаҳои нақлиёт низ сар аз январи соли 2024 гарон мешавад. Бар асоси муқаррароти ҷорӣ, дар Тоҷикистон арзиши сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои бароришашон то 31 декабри соли 2004 ба 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст, ки аз 1 январи соли 2024 он муодили 4 ҳазору 680 сомонӣ хоҳад буд. Ин нишондиҳанда барои мошинҳои соли бароришашон аз 1 январи соли 2005 то ҳол 86 нишондиҳанда барои ҳисобҳост, ки аз оғози соли оянда 6 ҳазору 192 сомониро ташкил хоҳад дод. Феълан ин нишондиҳанда 5 ҳазору 848 сомонист.
https://sputnik.tj/20231215/prezident-tojikiston-mln-somoni-qarzu-jarima-1060923233.html
https://sputnik.tj/20231126/khizmat-pulaki-tojikiston-garontar-1060610913.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/19/1057900593_163:0:2892:2047_1920x0_80_0_0_8fb570f4b91ceb0c0e86e0a4e7ca1c13.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, қувва, асп, боло, афзоиш, нишондиҳанда, нақлиёт
нарх, қувва, асп, боло, афзоиш, нишондиҳанда, нақлиёт
Андози роҳ аз мошинҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбад
Ҳаҷми андози роҳ аз воситаҳои нақлиёт ба далели афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон сар аз соли оянда ҳудуди 5% гаронтар хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 15 дек— Sputniк. Андози роҳ аз воситаҳои нақлиёт аз рӯи иқтидори муҳаррик, ки ба чанд “қувваи асп” баробар аст, ҳисоб мешавад.
Пардохти ин намуди андоз асосан дар вақти гузаронидани муоинаи техникӣ (техосмотр) - и воситаҳои нақлиёт тақозо мешавад.
Ҳоло пардохти андози роҳ барои ҳар як "қувваи асп"-и мошинҳо 5, сомонӣ аст. Бино ба таҳлилҳо ин нишондиҳанда дар соли 2024 ин рақам тағйир хоҳад ёфт.
Роҳбари яке аз мағозаҳои комиссионӣ, Муҳиддин Сафаров, ки дар назди Идораи БДА вилояти Суғд фаъолият зимни суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки дар соли нав ҳаҷми пардохти андози қувваи асп беш аз 5% баланд хоҳад шуд.
"Фарзи мисол ҳоло андози роҳи мошини тамғаи Opel, ки иқтидори муҳаррики он ба 75 қувваи асп баробар аст, 382,5 сомонӣ аст. Соли 2024 ин нишондиҳанда ба 405 сомонӣ баробар хоҳад шуд, ки сари ҳар як “қувваи асп” 5,4 сомонӣ рост меояд", - шарҳ дод, мусоҳиб.
Ин болоравӣ ба далели афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, ки аз 1 январи соли 2024 аз 68 сомонии феълӣ ба 72 сомонӣ баробар хоҳад шуд.
Бар пояи маълумоти оморӣ, Тоҷикистон аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки қимати андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ барои гузаронидани муоинаи техникии мошинҳо дар муқоиса ба кишварҳои ҳамҷавор гарон гуфта мешавад.
Аз ҳисоби баланд шудани ҳаҷми нишондиҳандаи ҳисобҳо инчунин қимати сиёҳ кардани воситаҳои нақлиёт низ сар аз январи соли 2024 гарон мешавад.
Бар асоси муқаррароти ҷорӣ, дар Тоҷикистон арзиши сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои бароришашон то 31 декабри соли 2004 ба 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст, ки аз 1 январи соли 2024 он муодили 4 ҳазору 680 сомонӣ хоҳад буд.
Ин нишондиҳанда барои мошинҳои соли бароришашон аз 1 январи соли 2005 то ҳол 86 нишондиҳанда барои ҳисобҳост, ки аз оғози соли оянда 6 ҳазору 192 сомониро ташкил хоҳад дод. Феълан ин нишондиҳанда 5 ҳазору 848 сомонист.