https://sputnik.tj/20231126/khizmat-pulaki-tojikiston-garontar-1060610913.html
Хизмати пулакӣ дар Тоҷикистон соли 2024 гаронтар хоҳад шуд: Чӣ қадар?
Хизмати пулакӣ дар Тоҷикистон соли 2024 гаронтар хоҳад шуд: Чӣ қадар?
Sputnik Тоҷикистон
Нархи хизмати пулакӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки аз аввали сентябри соли равон қариб 2 баробар зиёд шуд, аз оғози соли нав боз афзоиш хоҳад ёфт
2023-11-26T14:04+0500
2023-11-26T14:04+0500
2023-11-26T14:04+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
пул
хидмати ҳарбӣ
артиш
нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1b/1042523909_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_055ac08d3701eac859090f99157b749a.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Хидмати пулакӣ дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 3 ҳазор сомонии дигар гаронтар хоҳад шуд. Болоравии ҳаққи хизмати пулакӣ дар ҳайати сафарбаркунӣ бо зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дорад, ки аз аввали соли оянда 4 сомонӣ зиёд шуда, ба 72 сомонӣ баробар мегардад. Маврид ба зикр аст, ки аз якуми сентябр арзиши хидмати пулакӣ дар Тоҷикистон 750 нишондиҳанда барои ҳисоб муқаррар гардид. Ҳамин тариқ аз аввали соли оянда нархи хизмати пулакӣ ба 54 ҳазор сомонӣ баробар хоҳад шуд. Ахиран дастур шуд, ки аз ҳисоби ин маблағҳо аз ҷумла фурудгоҳҳои маҳаллии Тоҷикистон, ки ба тавозуни Вазорати мудофиа гузаронда шуданд, обод карда хоҳанд шуд. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд, бо пардохти маблағи муайянгардида дар ҳайати захиравӣ хизмат кунанд.Муқаррар шудааст, ки шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро ҳукумати Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.Қаблан раисҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст.
https://sputnik.tj/20231005/tavsifi-ahmadzoda-sharoit-khizmati-sarbozon-artish-1059791568.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1b/1042523909_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_f8487ed224c35b7b5e57b07f7fbcabc0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, хизмати пулакӣ, нишондиҳанда барои ҳисобҳо
нарх, хизмати пулакӣ, нишондиҳанда барои ҳисобҳо
Хизмати пулакӣ дар Тоҷикистон соли 2024 гаронтар хоҳад шуд: Чӣ қадар?
Нархи хизмати пулакӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки аз аввали сентябри соли равон қариб 2 баробар зиёд шуд, аз оғози соли нав боз афзоиш хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Хидмати пулакӣ дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 3 ҳазор сомонии дигар гаронтар хоҳад шуд.
Болоравии ҳаққи хизмати пулакӣ дар ҳайати сафарбаркунӣ бо зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дорад, ки аз аввали соли оянда 4 сомонӣ зиёд шуда, ба 72 сомонӣ баробар мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки аз якуми сентябр арзиши хидмати пулакӣ дар Тоҷикистон 750 нишондиҳанда барои ҳисоб муқаррар гардид.
Ҳамин тариқ аз аввали соли оянда нархи хизмати пулакӣ ба 54 ҳазор сомонӣ баробар хоҳад шуд. Ахиран дастур шуд, ки аз ҳисоби ин маблағҳо аз ҷумла фурудгоҳҳои маҳаллии Тоҷикистон, ки ба тавозуни Вазорати мудофиа гузаронда шуданд, обод карда хоҳанд шуд.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд, бо пардохти маблағи муайянгардида дар ҳайати захиравӣ хизмат кунанд.
Муқаррар шудааст, ки шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро ҳукумати Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.
Қаблан раисҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст.