https://sputnik.tj/20231215/prezident-tojikiston-mln-somoni-qarzu-jarima-1060923233.html
Президенти Тоҷикистон садҳо млн сомонӣ қарзу ҷаримаҳоро бахшид
Президенти Тоҷикистон садҳо млн сомонӣ қарзу ҷаримаҳоро бахшид
Sputnik Тоҷикистон
Гап сари қарзу ҷаримаҳои андозии марбути фаъолияти "Тоҷиктрансгаз" меравад, ки тайи солҳои фаъолияти корхона дар назди давлат ташаккул ёфтаст
2023-12-15T09:45+0500
2023-12-15T09:45+0500
2023-12-15T09:49+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қарздиҳӣ
эмомалӣ раҳмон
бахшиш
тоҷиктрансгаз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833255_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_7d36fa31846e6712d3d75b749d3d3f1a.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон беш аз 202 млн сомонӣ қарзу ҷаримаҳои корхонаи "Тоҷиктрансгаз"-ро беъэтибор эътироф намуд. Бар асоси қарори ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, аз ҷумла қарзи андоз ба маблағи зиёда аз 144 млн сомонӣ ва ҷаримаю фоизҳо барои саривақт напардохтани қарз дар ҳаҷми 58 млн сомонӣ бахшида шуданд. Ин миқдор қарз тайи солҳои фаъолияти "Тоҷиктрансгаз" ташаккул ёфтаст, ки ба гуфтаи масъулин баргардондани он ба давлат ғайриимкон буд. "Тоҷиктрансгаз" ҷамъияти саҳомие мебошад, ки дар ихтиёри давлат қарор дошта, вуруду фурӯши гази табиӣ дар ҷумҳуриро дар инҳисори худ дорад. Бахшидани қарзи корхона дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран хабар дода шуд, маъмурини андоз дар Тоҷикистон зимни корҳои назоратӣ аз ҳисоби кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо 994 млн сомонӣ ошкор кардаанд.Аз ин ҳисоб тайи моҳҳои январ - сентябри соли равон ба буҷет бо назардошти қарзҳои солҳои қаблӣ 872 млн ворид гардид.Дар умум ба иттилои мақомоти андоз, бақияи қарзи андозҳо то якуми октябри соли равон 894 млн сомониро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба аввали соли равон зиёда аз 166 млн сомонӣ бештар мебошад.Таъкид шудаст, ки бо мақсади рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он дар ин давра нисбат ба қариб 14 ҳазор андозсупорандаи қарздор қарорҳо дар мавриди маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо қабул шудааст.
https://sputnik.tj/20231113/talosh-pinhon-andoz-tojikiston-1060443002.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833255_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_488c469edde40db14732c50a3d282a65.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарз, андоз, тоҷиктрансгаз, эмомалӣ раҳмон
қарз, андоз, тоҷиктрансгаз, эмомалӣ раҳмон
Президенти Тоҷикистон садҳо млн сомонӣ қарзу ҷаримаҳоро бахшид
09:45 15.12.2023 (Навсозишуда: 09:49 15.12.2023) Гап сари қарзу ҷаримаҳои андозии марбути фаъолияти "Тоҷиктрансгаз" меравад, ки тайи солҳои фаъолияти корхона дар назди давлат ташаккул ёфтаст
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон беш аз 202 млн сомонӣ қарзу ҷаримаҳои корхонаи "Тоҷиктрансгаз"-ро беъэтибор эътироф намуд.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, аз ҷумла қарзи андоз ба маблағи зиёда аз 144 млн сомонӣ ва ҷаримаю фоизҳо барои саривақт напардохтани қарз дар ҳаҷми 58 млн сомонӣ бахшида шуданд.
Ин миқдор қарз тайи солҳои фаъолияти "Тоҷиктрансгаз" ташаккул ёфтаст, ки ба гуфтаи масъулин баргардондани он ба давлат ғайриимкон буд.
"Тоҷиктрансгаз" ҷамъияти саҳомие мебошад, ки дар ихтиёри давлат қарор дошта, вуруду фурӯши гази табиӣ дар ҷумҳуриро дар инҳисори худ дорад.
Бахшидани қарзи корхона дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран хабар дода шуд, маъмурини андоз дар Тоҷикистон зимни корҳои назоратӣ аз ҳисоби кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо 994 млн сомонӣ ошкор кардаанд.
Аз ин ҳисоб тайи моҳҳои январ - сентябри соли равон ба буҷет бо назардошти қарзҳои солҳои қаблӣ 872 млн ворид гардид.
Дар умум ба иттилои мақомоти андоз, бақияи қарзи андозҳо то якуми октябри соли равон 894 млн сомониро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба аввали соли равон зиёда аз 166 млн сомонӣ бештар мебошад.
Таъкид шудаст, ки бо мақсади рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он дар ин давра нисбат ба қариб 14 ҳазор андозсупорандаи қарздор қарорҳо дар мавриди маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо қабул шудааст.