https://sputnik.tj/20231215/meyor-boztamvil-ruisya-bolo-1060935008.html
Меъёри бозтамвил дар Русия боло рафт: Натиҷааш чист?
Меъёри бозтамвил дар Русия боло рафт: Натиҷааш чист?
Sputnik Тоҷикистон
Боло бурдани меъёри бозтамвил ба таъмини эътидоли нархҳо, сатҳи муътадили таваррум таъсир дошта, пасандози шаҳрвандонро аз беқурбшавӣ ҳифз мекунад
2023-12-15T17:16+0500
2023-12-15T17:16+0500
2023-12-16T12:27+0500
зиёд шуд
иқтисод
меъёри бозтамвил
бонк
марказ
таваррум
тасвирбаён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0f/1058841448_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_d8663eb07b68738f565bafb7c0f9177b.png
Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро ба як банди фоизӣ боло бурда, дар сатҳи 16% муқаррар кардааст. "Шӯрои мудирони Бонки Русия <...> тасмим гирифт, ки меъёри асосиро 100 банди заминавӣ то 16% дар як сол афзоиш диҳад", - омадааст дар иттилоияи танзимгар. Меъёри бозтамвил ин фоизи ҳадди ақал мебошад, ки Бонки марказӣ ба муддати як ҳафта ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва дар он барои қабули маблағ барои пасандозҳо омода аст. Андозаи он ба сатҳи таваррум таъсир мерасонад. Бонки Русия барои мубориза бо афзоиши таваррум аз моҳи июл ба ин сӯ нишондоди меъёри бозтамвилро боло мебарад. Дар аввал ин ин ниҳод, як банди фоизӣ боло бурд, аммо дар моҳи август дар пасманзари поин рафтани қурби рубл меъёр якбора 3,5 банди фоизӣ афзоиш ёфт. Тоҷикистон меъёри бозтамвилро боло набурдМоҳи сентябр як ва октябр ду банди фоизӣ зам шуда, нишондоди бозтамвил ба 15%-и солона расонда шуд. Таъкид шуда буд, ки ҳадафи болобарии меъёри бозтамвил таъмини эътидоли нархҳо мебошад.Ҳамчунин ниҳоди танзимкунандаи бахши молиявии Русия таъкид менамояд, ки аз ҳисоби афзоиши меъёри бозтамвил пасандози шаҳрвандон аз беқурбшавӣ ҳифз карда мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0f/1058841448_172:0:1132:720_1920x0_80_0_0_086656fa68cd2acd04acd13f8fcb50a2.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
меъёр, бозтамвил, афзоиш, бонки марказӣ, тасвирбаён
меъёр, бозтамвил, афзоиш, бонки марказӣ, тасвирбаён
Меъёри бозтамвил дар Русия боло рафт: Натиҷааш чист?
17:16 15.12.2023 (Навсозишуда: 12:27 16.12.2023) Боло бурдани меъёри бозтамвил ба таъмини эътидоли нархҳо, сатҳи муътадили таваррум таъсир дошта, пасандози шаҳрвандонро аз беқурбшавӣ ҳифз мекунад
Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро ба як банди фоизӣ боло бурда, дар сатҳи 16% муқаррар кардааст.
"Шӯрои мудирони Бонки Русия <...> тасмим гирифт, ки меъёри асосиро 100 банди заминавӣ то 16% дар як сол афзоиш диҳад", - омадааст дар иттилоияи танзимгар.
Меъёри бозтамвил ин фоизи ҳадди ақал мебошад, ки Бонки марказӣ ба муддати як ҳафта ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва дар он барои қабули маблағ барои пасандозҳо омода аст. Андозаи он ба сатҳи таваррум таъсир мерасонад.
Бонки Русия барои мубориза бо афзоиши таваррум аз моҳи июл ба ин сӯ нишондоди меъёри бозтамвилро боло мебарад. Дар аввал ин ин ниҳод, як банди фоизӣ боло бурд, аммо дар моҳи август дар пасманзари поин рафтани қурби рубл меъёр якбора 3,5 банди фоизӣ афзоиш ёфт.
Моҳи сентябр як ва октябр ду банди фоизӣ зам шуда, нишондоди бозтамвил ба 15%-и солона расонда шуд.
Таъкид шуда буд, ки ҳадафи болобарии меъёри бозтамвил таъмини эътидоли нархҳо мебошад.
Ҳамчунин ниҳоди танзимкунандаи бахши молиявии Русия таъкид менамояд, ки аз ҳисоби афзоиши меъёри бозтамвил пасандози шаҳрвандон аз беқурбшавӣ ҳифз карда мешавад.