https://sputnik.tj/20231107/tojikiston-meyori-boztamvilro-bolo-naburd-1060348241.html
Тоҷикистон меъёри бозтамвилро боло набурд
Тоҷикистон меъёри бозтамвилро боло набурд
Sputnik Тоҷикистон
Ин барои дар доираи эътидол нигоҳ доштани болоравии нархҳои молу хизматрасониҳо кӯмак хоҳад кард, ки аз сатҳи пешбинишудаи 6,2% берун нараванд
2023-11-07T09:01+0500
2023-11-07T09:01+0500
2023-11-07T09:01+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
меъёри бозтамвил
бонки миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро дар сатҳи 10% нигоҳ дошт, ки ин ба интизориҳои таҳлилгарони Бонки АвруОсиёии Рушд - БАОР мувофиқат мекунад. Ин нукта дар гузориши ҳарҳафтаинаи созмони байналмилалии молӣ гуфта мешавад. Ба гуфтаи таҳлилгарони БАОР, ин барои назорат кардани болоравии нархи молу хизматрасониҳо кӯмак хоҳад кард, то аз сатҳи пешбинишудаи 6,2% берун нараванд. Аз моҳи августи соли ҷорӣ таваррум пас аз даврае, ки нархҳо амалан боло нарафтанд, мӯътадил мондаст. Илова бар ин, таҳлилгарони БАОР қайд карданд, ки иқтисоди Тоҷикистон суръати баланди рушдро ҳифз кардааст. Ҳамин тариқ, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли қаблӣ 8,3% афзудаст. Соҳаҳое, ки ба истеъмоли дохилӣ ва сармоягузорӣ нигаронида шудаанд, аз қабили тиҷорат ва сохтмон, дар рушди иқтисодӣ саҳми назаррас гузоштанд. Аз рӯи нишондоди меъёри бозтамвил Тоҷикистон дар панҷгонаи кишварҳои ИДМ бо баландтарин меъёри бозтамвил ҷой дорад. Қазоқистон дар садри рӯйхат ва Русия ҳамакнун бо 15% аз зинаи чорум то дуюм боло рафт. Миёни кишварҳои Осиёи Миёна, Тоҷикистон пас аз Туркманистон яке аз нишондиҳандаҳои пасттарини меъёри бозтамвил дорад. Меъёри бозтамвил дар Туркманистон 5% мебошад.
https://sputnik.tj/20231027/nishondod-meyor-boztamvil-kishvar-idm-tojikiston-1060190098.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сатҳ, меъёр, бозтамвил, тоҷикистон, афзоиш
сатҳ, меъёр, бозтамвил, тоҷикистон, афзоиш
Тоҷикистон меъёри бозтамвилро боло набурд
Ин барои дар доираи эътидол нигоҳ доштани болоравии нархҳои молу хизматрасониҳо кӯмак хоҳад кард, ки аз сатҳи пешбинишудаи 6,2% берун нараванд
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро дар сатҳи 10% нигоҳ дошт, ки ин ба интизориҳои таҳлилгарони Бонки АвруОсиёии Рушд - БАОР мувофиқат мекунад.
Ин нукта дар гузориши ҳарҳафтаинаи созмони байналмилалии молӣ гуфта мешавад.
Ба гуфтаи таҳлилгарони БАОР, ин барои назорат кардани болоравии нархи молу хизматрасониҳо кӯмак хоҳад кард, то аз сатҳи пешбинишудаи 6,2% берун нараванд.
Аз моҳи августи соли ҷорӣ таваррум пас аз даврае, ки нархҳо амалан боло нарафтанд, мӯътадил мондаст.
Илова бар ин, таҳлилгарони БАОР қайд карданд, ки иқтисоди Тоҷикистон суръати баланди рушдро ҳифз кардааст.
Ҳамин тариқ, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли қаблӣ 8,3% афзудаст.
Соҳаҳое, ки ба истеъмоли дохилӣ ва сармоягузорӣ нигаронида шудаанд, аз қабили тиҷорат ва сохтмон, дар рушди иқтисодӣ саҳми назаррас гузоштанд.
Аз рӯи нишондоди меъёри бозтамвил Тоҷикистон дар панҷгонаи кишварҳои ИДМ бо баландтарин меъёри бозтамвил ҷой дорад. Қазоқистон дар садри рӯйхат ва Русия ҳамакнун бо 15% аз зинаи чорум то дуюм боло рафт.
Миёни кишварҳои Осиёи Миёна, Тоҷикистон пас аз Туркманистон яке аз нишондиҳандаҳои пасттарини меъёри бозтамвил дорад. Меъёри бозтамвил дар Туркманистон 5% мебошад.