https://sputnik.tj/20231214/kohish-dollar-evro-boloravi-rubl-qurb-asor-tojikiston-1060887833.html
Коҳиши доллару евро ва болоравии рубл: қурби асъор дар Тоҷикистон
Коҳиши доллару евро ва болоравии рубл: қурби асъор дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Қимати рубл нисбат ба сомонӣ дар бозори арзи Тоҷикистон гаронтар шуда, аммо асъори тоҷикӣ дар биржаи маскав боз каме поинтар рафтааст
2023-12-14T09:41+0500
2023-12-14T09:41+0500
2023-12-14T12:29+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_0:114:3072:1842_1920x0_80_0_0_03b125d290d11380f84a03557149b327.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Асъори русӣ дар Тоҷикистон нисбат ба пули миллӣ гаронтар шудааст.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 121,8 сомонӣ аст.Ин дар ҳолест, ки қабл аз дар оғози ҳафта он 119,9 ва қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 118,2 сомонӣ қимат дошт. Асъори русӣ сар аз ноябр, пас аз онки Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд, каме тақвият ёфта, аз 108 сомонӣ барои 1000 рубл гаронтар мешавад. Аммо дар ҳамин ҳол, қимати евро ва доллар пас аз муддатҳо гаронӣ каме коҳиш ёфтааст.Агар ду рӯзи қабл бар ивази ҳар доллар 10.9655 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9634 сомонӣ медиҳанд.Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 11.8196 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл қурби ҳар евро 11.8416 сомонӣ муқаррар шуда буд.Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9634 то 10.9500 сомонӣ, 1 евро аз 11.8196 то 11.9500 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 121,7 то 121,8 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.Дар ҳамин ҳол поинравии қурби сомонӣ дар бозори арзи Русия идома дорад. Асъори тоҷикӣ дар як рӯз 2,8 рубл арзон шуда, ҳоло дар Маскав бар ивази 100 сомонӣ 819,9 рубл медиҳанд.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20231129/maqomoti-eron-tijorat-tojikiston-1060649100.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_220afa48a394fdf057af3e7367cccd24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коҳиш доллар евро рубл қурби асъор тоҷикистон
коҳиш доллар евро рубл қурби асъор тоҷикистон
Коҳиши доллару евро ва болоравии рубл: қурби асъор дар Тоҷикистон
09:41 14.12.2023 (Навсозишуда: 12:29 14.12.2023) Қимати рубл нисбат ба сомонӣ дар бозори арзи Тоҷикистон гаронтар шуда, аммо асъори тоҷикӣ дар биржаи Маскав боз каме поинтар рафтааст
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Асъори русӣ дар Тоҷикистон нисбат ба пули миллӣ гаронтар шудааст.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 121,8 сомонӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз дар оғози ҳафта он 119,9 ва қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 118,2 сомонӣ қимат дошт.
Асъори русӣ сар аз ноябр, пас аз онки Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд, каме тақвият ёфта, аз 108 сомонӣ барои 1000 рубл гаронтар мешавад.
Аммо дар ҳамин ҳол, қимати евро ва доллар пас аз муддатҳо гаронӣ каме коҳиш ёфтааст.
Агар ду рӯзи қабл бар ивази ҳар доллар 10.9655 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9634 сомонӣ медиҳанд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 11.8196 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл қурби ҳар евро 11.8416 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9634 то 10.9500 сомонӣ, 1 евро аз 11.8196 то 11.9500 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 121,7 то 121,8 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Дар ҳамин ҳол поинравии қурби сомонӣ дар бозори арзи Русия идома дорад. Асъори тоҷикӣ дар як рӯз 2,8 рубл арзон шуда, ҳоло дар Маскав бар ивази 100 сомонӣ 819,9 рубл медиҳанд.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.