https://sputnik.tj/20231210/putin-ishtirokdoron-amaliyoti-vizha-rusiya-1060814008.html
Путин: аз ҷанговарони амалиёти вижа ояндаи Русия вобаста аст
Путин: аз ҷанговарони амалиёти вижа ояндаи Русия вобаста аст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия ваъда дод, ки аз минтақаҳои нави пайвастшуда ба кишвар ҳатман боздид хоҳад карду талошҳои кишварҳои ғарб барои тангсозӣ натиҷае намедиҳанд
2023-12-10T15:27+0500
2023-12-10T15:27+0500
2023-12-10T15:27+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
владимир путин
амалиёт
вижа
амният ва мудофиа
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/08/1060788034_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_b0fdd01805b651b120f69e9bd3587ffa.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ояндаи Русия аз фаъолияти ҷангии иштирокчиёни амалиёти махсус вобаста аст, гуфт президент Владимир Путин дар сӯҳбат бо қаҳрамонони кишвар дар Кремл, ки порчаи он ба барномаи телевизиони "Россия 1". "Бисёр чиз аз кори ҷангии шумо, аз ҷумла ояндаи Русия вобаста аст, ин рӯшан мебошад", - қайд кард раисҷумҳур. Инчунин президенти Русия мушкили низомиёнро дар минтақаи ҷанг арзёбӣ кард. "Зиндагӣ дар фронт, вақте мисли пашшаҳо болои сар тир холӣ мекунанд, аз бардоштани ҷом дар маросими супоридани унвони қаҳрамонӣ дар Кремл мушкил аст", - гуфт ӯ. Дар маросими супурдани ҷоизаҳо, қаҳрамони ҷумҳурии Донетск, Артем Жога президентро даъват кард, ки аз ҳудудҳои нав дидан кунад, вақте "дар он ҷо каме оромтар мешавад".""Албатта!" - посух дод Путин. Вай ҳамчунин аз изҳороти Ангела Меркел, садри аъзами пешини Олмон ва Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури пешини Фаронса, ёдовар шуд, ки иқрор шуданд, ки қасди иҷрои созишҳои Минскро надоранд ва аз онҳо барои омода кардани Украина ба амалиёти ҷангӣ истифода кардаанд. "Ва кӯшиши тела додани Русия, заиф кардани он ва дар ниҳояти кор, шикаст додани он ҷой доранд, ки ҳеҷ гоҳ муваффақ нахоҳанд шуд. Ҳеҷ гоҳ", - таъкид кард президент. Илова бар ин, раҳбари Русия дар бораи арҷгузорӣ ба собиқ нозӣ, Ярослав Гунко (Ханк) дар парлумони Канада изҳори назар кард. "Онҳо инро ба тамоми ҷаҳон нишон доданд. Онҳо на танҳо аблаҳ, балки неонозӣ низ ҳастанд", - гуфт роҳбари давлат. Вайт таъкид намуд, ки ҷониби ғарбӣ омодаанд бо ҳар касе, ки мувофиқ бошад, ҳамкорӣ кунанд, то танҳо ба Русия зарар расонанд.
https://sputnik.tj/20231103/putin-fasod-ukraina-dunyo-1060319824.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/08/1060788034_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_a39ef02fbb471f9cfa8b25c66a91511e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, оянда, русия, тавзеҳ, натиҷа
владимир путин, оянда, русия, тавзеҳ, натиҷа
Путин: аз ҷанговарони амалиёти вижа ояндаи Русия вобаста аст
Раисҷумҳури Русия ваъда дод, ки аз минтақаҳои нави пайвастшуда ба кишвар ҳатман боздид хоҳад карду талошҳои кишварҳои ғарб барои тангсозӣ натиҷае намедиҳанд
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ояндаи Русия аз фаъолияти ҷангии иштирокчиёни амалиёти махсус вобаста аст, гуфт президент Владимир Путин дар сӯҳбат бо қаҳрамонони кишвар дар Кремл, ки порчаи он ба барномаи телевизиони "Россия 1".
"Бисёр чиз аз кори ҷангии шумо, аз ҷумла ояндаи Русия вобаста аст, ин рӯшан мебошад", - қайд кард раисҷумҳур.
Инчунин президенти Русия мушкили низомиёнро дар минтақаи ҷанг арзёбӣ кард.
"Зиндагӣ дар фронт, вақте мисли пашшаҳо болои сар тир холӣ мекунанд, аз бардоштани ҷом дар маросими супоридани унвони қаҳрамонӣ дар Кремл мушкил аст", - гуфт ӯ.
Дар маросими супурдани ҷоизаҳо, қаҳрамони ҷумҳурии Донетск, Артем Жога президентро даъват кард, ки аз ҳудудҳои нав дидан кунад, вақте "дар он ҷо каме оромтар мешавад".
""Албатта!" - посух дод Путин. Вай ҳамчунин аз изҳороти Ангела Меркел, садри аъзами пешини Олмон ва Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури пешини Фаронса, ёдовар шуд, ки иқрор шуданд, ки қасди иҷрои созишҳои Минскро надоранд ва аз онҳо барои омода кардани Украина ба амалиёти ҷангӣ истифода кардаанд.
"Ва кӯшиши тела додани Русия, заиф кардани он ва дар ниҳояти кор, шикаст додани он ҷой доранд, ки ҳеҷ гоҳ муваффақ нахоҳанд шуд. Ҳеҷ гоҳ", - таъкид кард президент.
Илова бар ин, раҳбари Русия дар бораи арҷгузорӣ ба собиқ нозӣ, Ярослав Гунко (Ханк) дар парлумони Канада изҳори назар кард.
"Онҳо инро ба тамоми ҷаҳон нишон доданд. Онҳо на танҳо аблаҳ, балки неонозӣ низ ҳастанд", - гуфт роҳбари давлат.
Вайт таъкид намуд, ки ҷониби ғарбӣ омодаанд бо ҳар касе, ки мувофиқ бошад, ҳамкорӣ кунанд, то танҳо ба Русия зарар расонанд.