Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин: Чунин фасоде, ки дар Украина аст, дар ҳеч ҷои дунё нест

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провёл встречу с представителями религиозных конфессий России
Президент РФ В. Путин провёл встречу с представителями религиозных конфессий России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2023
Обуна шудан
Президенти Русия таъкид намуд, ки пайдо шудани аслиҳаи таъминнамудаи Ғарб дар Украина дар Шарқи Наздик ҳеч ҷои ғайриинтизору ҳайратро надорад
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Украина аслиҳа ба Шарқи Наздик ва инчунин ба Толибон* мефурӯшад, изҳор дошт президенти Русия, Владимир Путин.
Вай дар вохӯрӣ бо аъзои Палатаи ҷамъиятии Русия фасод дар Украинаро хеле густурда арзёбӣ кард.
"Чунин фасоде, ки дар Украина аст, дар ҳеҷ ҷои дунё вуҷуд надорад, он ҷо амалан фасод қонунӣ шудааст", - гуфт Путин.
Военнослужащие Росгвардии подняли копию Знамени Победы на Алее Славы в Херсоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2023
"Ҳалқаи Авдеевка" барои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба гардани НАТО фишор меорад
Бо такя ба ин гузоришҳо дар бораи силоҳ аз Украина дар Ховари Миёна раисиҷумҳурро ба ҳайрат намеоваранд.
"Ҳоло мегӯянд, ки аслиҳа дар Ховари Миёна (аз Украина) пайдо мешавад. Албатта, пайдо мешаванд. Барои он ки мефурӯшанд. Ва ба Толибон* мефурӯшанд ва аз онҷо ба ҷои дигар мераванд. Ҳама чизро мехаранд ва мефурӯшанд", - гуфт ӯ.
Путин таъкид намуд, ки ба далели мушкили фасод ИМА иваз кардани элитаро дар Украина дар сар мепарварад.
*-гуруҳ барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0