https://sputnik.tj/20231210/hosil-kishovarzon-iiao-afzoish-1060816237.html
Ҳосили кишоварзон дар ИИАО афзоиш ёфтааст
Ҳосили кишоварзон дар ИИАО афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Мавсими ҷамъоварии ҳосил дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба анҷом расида истодааст ва комиссия ҳисоб кард, ки чӣ қадар маҳсулот ҷамъ шудааст
2023-12-10T19:00+0500
2023-12-10T19:00+0500
2023-12-10T19:00+0500
иттиҳоди иқтисодии уросиё
зиёд шуд
ҳосил
кишоварзӣ
картошка
ғалла
чорво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056662595_0:166:3053:1883_1920x0_80_0_0_0edf9d996495fa9da5cce8923d5c2eab.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар моҳҳои январ-октябри соли 2023 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 0,5% афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дода, афзуд, ки ин омор ҳаҷми ҳосил дар дар хоҷагиҳои ҳамаи категорияҳоро фаро мегирад. Афзоиш дар Русия, Белорус ва Қирғизистон сабт шуда, коҳиш дар Қазоқистон мушоҳида шудааст. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ҳисоб кардааст, ки ҳосили ғалладона дар вазни ибтидоӣ дар ИИАО нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 10% кам шудаст. Дар айни замон картошка қариби 5% ва сабзавот ҳудуди 1,4% афзоиш ёфтааст. Дар моҳҳои январ-октябри соли 2023 Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё истеҳсоли навъҳои асосии маҳсулоти чорводориро зиёд кардаст. Аз ҷумла чорво ва парранда барои забҳ бо вазни зинда – 2,3% шир – 2,9% ва тухм – 1% афзуд.Ахиран хабар дода шуда буд, ки ММД-и кишварҳои ИИАО дар 5 сол 6,4% зиёд шуд. Аз ҷумла ММД дар соли 2022 ба зиёда аз 2,6 трлн доллар расид. Тибқи иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ин омор аз шуғл, сатҳи зиндагӣ, маориф, нархҳо, истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ, сармоягузорӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия, бозори истеъмолӣ ва молияро фаро мегирад. Аҳолии доимии ИИАО дар охири соли 2022 беш аз 185 млн нафарро ташкил дод, афзуд КИАО.
https://sputnik.tj/20231206/overchuk-jolib-bozor-iiao-idm-hinduston-1060757342.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056662595_162:0:2893:2048_1920x0_80_0_0_3181a89b6382f1e8dadb5d40490488ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, коҳиш, ҳосил, кишоварзӣ, кам
афзоиш, коҳиш, ҳосил, кишоварзӣ, кам
Ҳосили кишоварзон дар ИИАО афзоиш ёфтааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосил дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба анҷом расида истодааст ва комиссия ҳисоб кард, ки чӣ қадар маҳсулот ҷамъ шудааст
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар моҳҳои январ-октябри соли 2023 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 0,5% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дода, афзуд, ки ин омор ҳаҷми ҳосил дар дар хоҷагиҳои ҳамаи категорияҳоро фаро мегирад.
Афзоиш дар Русия, Белорус ва Қирғизистон сабт шуда, коҳиш дар Қазоқистон мушоҳида шудааст.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ҳисоб кардааст, ки ҳосили ғалладона дар вазни ибтидоӣ дар ИИАО нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 10% кам шудаст.
Дар айни замон картошка қариби 5% ва сабзавот ҳудуди 1,4% афзоиш ёфтааст.
Дар моҳҳои январ-октябри соли 2023 Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё истеҳсоли навъҳои асосии маҳсулоти чорводориро зиёд кардаст. Аз ҷумла чорво ва парранда барои забҳ бо вазни зинда – 2,3% шир – 2,9% ва тухм – 1% афзуд.
Ахиран хабар дода шуда буд, ки ММД-и кишварҳои ИИАО дар 5 сол 6,4% зиёд шуд. Аз ҷумла ММД дар соли 2022 ба зиёда аз 2,6 трлн доллар расид.
Тибқи иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ин омор аз шуғл, сатҳи зиндагӣ, маориф, нархҳо, истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ, сармоягузорӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия, бозори истеъмолӣ ва молияро фаро мегирад.
Аҳолии доимии ИИАО дар охири соли 2022 беш аз 185 млн нафарро ташкил дод, афзуд КИАО.