Оверчук ҷолибияти бозорҳои ИИАО ва ИДМ барои Ҳиндустонро қайд кард

© Sputnik / Валерий МельниковЗаместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2023
Обуна шудан
Муовини сарвазири Русия изҳори итминон кард, ки бозорҳои босуръат рушдёбандаи ИИАО ва ИДМ барои шарикони ҳиндӣ ҷолибанд
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ҳиндустон ба ҳамкорӣ бо бозорҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва ИДМ манфиатдор аст.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук хабар дод. Ин изҳорот дар ҷараёни конфронси солонаи байналмилалии Авруосиё оид ба моликияти зеҳнӣ ва технология садо дод.
"Федератсияи Русия ба формати дуҷониба, дақиқ ва бисёрҷонибаи ҳамкориҳо [бо Ҳиндустон] манфиатдор аст", - гуфта мешавад дар гузориш.
Оверчук изҳори итминон кард, ки бозорҳои босуръат рушдёбандаи ИИАО ва ИДМ барои шарикони ҳиндӣ ҷолибанд.
Таъкид шуд, ки ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳои ИИАО ва Ҳиндустон то охири соли 2022 ду баробар зиёд шуда, дар нимсолаи аввали соли равон он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 90% афзоиш ёфтааст.
Оверчук таъкид кард, ки иқтидори ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Ҳиндустон аз нишондиҳандаҳои феълӣ ба таври қобили мулоҳиза зиёд аст.
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2023
ИИАО ва Эрон созишномаи тиҷорати озодро имзо мекунанд: тафсилот
Вай ҳамчунин қайд кард, ки ҳамгироии авруосиёӣ ва фазои ягонаи патентӣ дар қаламрави 8 кишвари минтақа ба коҳиши монеаҳои тиҷорати мутақобилан марбут ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мусоидат мекунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ИИАО ва Эрон соли ҷорӣ созишнома дар бораи минтақаи озоди тиҷоратиро имзо мекунанд. Ҳарду ҷониб ба беҳбуди иловагии шароити ҳамкорӣ манфиатдоранд.
Лентаи хабарҳо
0