Душанбе ва Боку тиҷоратро таҳким мебахшанд

© Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонФлаги Таджикистан и Азербайджан
Флаги Таджикистан и Азербайджан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2023
Обуна шудан
Гардиши мол миёни Тоҷикистону Озарбойҷон дар давоми даҳмоҳаи аввали соли равон ба андозаи беш аз 26% афзоиш ёфтааст, иттилоъ дод мақомоти гумруки озарӣ
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Савдои хориҷии Озарбойҷону Тоҷикистон дар моҳҳои январ-октябри соли 2023 беш аз 5 млн долларро ташкил додааст.
Дар ин бора Кумитаи гумруки Озарбойҷон иттилоъ дода, афзуд, ки қисмати бештар ба содирот ба Тоҷикистон рост меояд.
Тибқи маълумоти гумрукии Боку, савдо бо Душанбе нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди чаҳоряк баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар моҳҳои январ-октябри соли 2023 содироти Озарбойҷон ба Тоҷикистон 4,6 млн доллар ва воридот 581 ҳазор долларро ташкил додааст. Дар баробари ин аз Озарбойчон ба Тоҷикистон воридоти мол назар ба соли гузашта қариб 15% зиёд шудаст.
Торговый порт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2023
Кожошев: Ҳамлу нақл рӯй ба Осиё овардааст
Ахиран хабар дода шуд, ки Тоҷикистон ва Озарбойҷон як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ бастанд.
Тибқи маълумоте, ки Sputnik Тоҷикистон ба даст овард, сармоягузорӣ ба беҳбуди бахши саноат равона хоҳад шуд.
"Дар қатори самтҳои калидӣ: лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои ба кор андохтани корхонаи коркарди нафт дар МОИ "Данғара", сохтмони неругоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон, афзоиши иқтидори истеҳсолии ТАЛКО", - гуфт манбаъ.
Илова бар ин, Боку ташаббуси пешниҳоди тахфиф ба Душанбе дар нақлиёти роҳи оҳанро пешбарӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0