https://sputnik.tj/20231208/kozhoshev-haml-naql-ruy-osiyo-1060789997.html
Кожошев: Ҳамлу нақл рӯй ба Осиё овардааст
Кожошев: Ҳамлу нақл рӯй ба Осиё овардааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар шароити маҳдуд будани захоир барои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зарур шуморида шуд, ки самаранокии ҳамаи қисматҳои низоми ҳамлро боло баранд
2023-12-08T17:30+0500
2023-12-08T17:30+0500
2023-12-08T18:05+0500
иттиҳоди иқтисодии уросиё
авруосиё
ҳамлу нақл
нақлиёт
осиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_314:415:3217:2048_1920x0_80_0_0_f30b8c5865bc2cbe0539068c5a9e25b4.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Раванди ҳамлу нақл ба самти Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Чин майл карда истодааст ва ин рӯшан мушоҳида мешавад, изҳор дошт вазири энрегетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтиодии АвруОСиё, Арзибек Кожошев. Ӯ зимни як ҳамоиш дар масоили ҳамлу нақл гуфт, дар шароити маҳдуд будани захоир барои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зарур аст, самаранокии ҳамаи қисматҳои низоми ҳамлро боло баранд, то савдои дохилию хориҷӣ дар шароити мусоид рушд кунад. Муовини вазири нақлиёти Қазоқистон Мақсат Калиакпаров, дар навбати худ, кори фаъол барои бунёди долони "Шимол-Ҷануб"-ро аз ҷониби иштирокчиёни Русия ва Осиёи Марказӣ тавсиф намуда, тамоми кишварҳои иттиҳодро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Ёвари вазири нақлиёти Русия Евгений Фидчук аҳамияти хатсайрҳоеро, ки Комиссия ба феҳристи долонҳои нақлиётии Авруосиё дохил кардааст, таъкид карда, тезондани тарҳҳоро муҳим хондаст. Мудир оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии ширкати нақлиётии байналмилалии роҳи оҳани "ОТЛК ЕРА", Лариса Коршунова изҳор доштаст, ки тамоюли афзоиши ҳамлу нақли контейнерӣ дар ҷаҳон ҳар сол 3%-ро ташкил медиҳад. Ин асосан ба Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дахл дорад, ки тамоюли рушди тиҷорат ба сӯи он тағйир меёбад. Ҳамаи ин аз соҳа ҳалли нави технологӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои рақамиро талаб мекунад, зарур хонд Коршунова.
https://sputnik.tj/20221228/toshkand-islomobod-gustarish-haml-afghoniston-1053864192.html
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_351:0:3082:2048_1920x0_80_0_0_34664b4173282c0d1ba50673e30d25c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
азм, нақл, тиҷорат, рушд, ииао, авруосиё
азм, нақл, тиҷорат, рушд, ииао, авруосиё
Кожошев: Ҳамлу нақл рӯй ба Осиё овардааст
17:30 08.12.2023 (Навсозишуда: 18:05 08.12.2023) Дар шароити маҳдуд будани захоир барои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зарур шуморида шуд, ки самаранокии ҳамаи қисматҳои низоми ҳамлро боло баранд
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Раванди ҳамлу нақл ба самти Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Чин майл карда истодааст ва ин рӯшан мушоҳида мешавад, изҳор дошт вазири энрегетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтиодии АвруОСиё, Арзибек Кожошев.
Ӯ зимни як ҳамоиш дар масоили ҳамлу нақл гуфт, дар шароити маҳдуд будани захоир барои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зарур аст, самаранокии ҳамаи қисматҳои низоми ҳамлро боло баранд, то савдои дохилию хориҷӣ дар шароити мусоид рушд кунад.
Муовини вазири нақлиёти Қазоқистон Мақсат Калиакпаров, дар навбати худ, кори фаъол барои бунёди долони "Шимол-Ҷануб"-ро аз ҷониби иштирокчиёни Русия ва Осиёи Марказӣ тавсиф намуда, тамоми кишварҳои иттиҳодро ба ҳамкорӣ даъват намуд.
Ёвари вазири нақлиёти Русия Евгений Фидчук аҳамияти хатсайрҳоеро, ки Комиссия ба феҳристи долонҳои нақлиётии Авруосиё дохил кардааст, таъкид карда, тезондани тарҳҳоро муҳим хондаст.
Мудир оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии ширкати нақлиётии байналмилалии роҳи оҳани "ОТЛК ЕРА", Лариса Коршунова изҳор доштаст, ки тамоюли афзоиши ҳамлу нақли контейнерӣ дар ҷаҳон ҳар сол 3%-ро ташкил медиҳад.
Ин асосан ба Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дахл дорад, ки тамоюли рушди тиҷорат ба сӯи он тағйир меёбад. Ҳамаи ин аз соҳа ҳалли нави технологӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои рақамиро талаб мекунад, зарур хонд Коршунова.