Суду зиёни муҳоҷирон барои Русия: коршинос вазъро шарҳ дод

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкАкция "На работу на велосипеде"
Акция На работу на велосипеде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2023
Обуна шудан
Мавзӯи муҳоҷирони корӣ баҳсбарангез аст: бархе мегӯянд, хориҷиҳо ҷойи кори русиягиҳоро мегиранду қисми дигар бовар доранд, ки бе онҳо кор мушкил хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Соҳаи муҳоҷират дар Русия хеле печида аст, зеро маълумоти дақиқ дар бораи чӣ қадар бояд шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба кор ҷалб шаванд, вуҷуд надорад.
Ин нуктаро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон муовини раиси комиссияи равобити байнимиллӣ ва байнидинӣ ва муҳоҷирати Палатаи ҷамъиятии Русия, узви Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳои назди президент Маргарита Лянге баён дошт.
Коршинос ба маълумоти Вазорати меҳнат истинод кард, ки тибқи он Русия танҳо ба 140 ҳазор мутахассиси соҳибихтисос ниёз дорад.
"Аммо ба мо чӣ қадар муҳоҷирони бе касбу тахассус лозиманд, ки вазифаи "овардану бурдану кофтан"-ро иҷро мекунанд, касе аниқ намегӯяд, мутаассифона, мо ба ин савол ҷавоб гирифта наметавонем", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Лянге, барои посух додан ба ин суол, ки оё Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад, бояд рақамҳои дақиқро таҳлил кард ва дар ҳоли ҳозир касе наметавонад онҳоро пешниҳод кунад.
Дар баробари ин, вай аз таҷрибаи вилояти Калуга мисол овард, ки ду сол пеш дар як қатор соҳаҳо ва ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирон манъ карда шуд.
Лянге ёдовар шуд, ки қабл аз ин минтақа аз барномаи ба истилоҳ қабули ҳамватанон, ки тибқи он муҳоҷирон аксар вақт бидуни риояи тамоми меъёрҳо шаҳрвандии Русияро ба таври суръатбахш мегирифтанд, хориҷ шуда буд.
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия роҳи Адрасмон- Хуҷандро асфалтпуш карданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2023
Ба умеди мақомот нашуд: Муҳоҷирон худ роҳи Адрасмон- Хуҷандро асфалтпуш карданд – видео
"Мо ба наздикӣ дар Палатаи ҷамъиятӣ муҳокимаҳо баргузор кардем ва вазири сиёсати дохилии вилояти Калугаро даъват кардем. Пурсидем, ки иқтисод чӣ аст? Ва ман аз ҷавоби ӯ дар ҳайрат мондам, ки гуфт таконе нашудааст", - изҳор дошт коршинос.
Дар баробари ин, Лянге мутмаин нест, ки "иқтисод дар тамоми минтақаҳои Русия такон нахоҳад хӯрд".
Аммо изҳороти ҷонибҳои манфиатдор дар бораи он ки ҳама чиз дар Русия ба дасти муҳоҷирон аст ва бидуни онҳо фурӯ хоҳад рафт, як фиреби хеле бузург аст, ба эътиқоди ӯ.
"Ман фикр мекунам, ки ин он қадар даҳшатнок нест, ки ҳоло ба мо мегӯянд. <...> Шояд ин [мушкилот]-ро тавассути механизатсия ҳал кардан мумкин аст? Бо ҷалби одамон на, балки бо ҷалби техникаи бештар", - пешниҳод кард Лянге.
Ба эътиқоди узви Шӯрои равобити байни миллатҳои назди президенти Русия, дар кишвар танҳо лозим аст, ки тартибот дар соҳаи муҳоҷират барқарор шавад, дар он сурат муносибат бо хориҷиён беҳтар ва шароити кори онҳо беҳтар мешуд.
"Зеро ҳоло баъзан, вақте ки ҳама гуна рейдҳо рух медиҳанд, мо мебинем, ки ин бечораҳо дар чӣ шароит ба сар мебаранд, медонед, ин барои корфармоёни мо шармовар аст", - шикоят кард коршинос.
Урок русского языка в московской школе №90 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2023
Путин дар бораи мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон изҳори назар кард
Дар ҳамин ҳол, Лянге аз вазъияте пуштибонӣ намекунад, ки муҳоҷирони кории ба Русия омада хешовандон ва хонаводаҳоро бо худ мебаранд.
Ба ақидаи вай, агар одам ба кор рафтанӣ бошад, пас бояд ҳатман бе оила равад. Вай афзуд, хоҳиши муҳоҷирон барои гирифтани оилаи худ ба вазъи соҳаи иҷтимоӣ марбут аст, ки дар Русия назар ба як қатор кишварҳое, ки мардум аз он ҷо мераванд, хеле беҳтар сохта шудааст.
"Аммо ин як бори иловагӣ аст, ки бигӯем, меҳнати муҳоҷиронро барои шаҳрвандони Русия беқурб мекунад, зеро маълум мешавад, ки мо барои ин корманд, назар ба даромадаш хеле бештар харҷ мекунем". - гуфт Лянге.
Нигоҳ доштани оилаҳо ва фарзандони муҳоҷирон хеле гарон аст. Аз чумла, хизмати тиббӣ, мактаб. Илова бар ин, омӯзгорон ба онҳо вақт сарф мекунанд, то каму беш забони русиро омӯзанд ва онро ба кӯдакони маҳаллӣ бахшанд, мегӯяд коршинос.

"Албатта, агар одамон ба Русия накӯчанд, пас барои мо чунин оилаҳо лозим нест. Аммо агар шаҳрванди Русия шуданист, албатта, барои фарзандонаш, таҳсил ва ҳама чизи дигарро таъмин мекунем", - афзуд узви Шӯро.

Аммо дар мавриди пиронсолон, бо назардошти вазъи демографии Русия, муҳоҷирон бояд худашон дар бораи онҳо ғамхорӣ кунанд. Ба гуфтаи коршинос, ин набояд бори гарон бар сари ҷомеа бошад.
Вай қайд кард, ки қонунгузории муҳоҷиратро бояд тартиб дод, то аз ҷониби русиягиҳо норозигӣ набошад, масалан барои ҳамон андозҳое, ки шаҳрвандон ба буҷаи умумӣ месупоранд, вале онҳо барои муҳоҷирон мераванд.
"Агар шахс нияти шаҳрванди Русия буданро дошта бошад, пас ӯ бояд марҳилаҳои муайянро тай кунад, ки зимни он на танҳо хоҳиш, балки маҳорати худро низ нишон медиҳад. Дар ин ҳолат, албатта, инҳо фарзандони мо, шаҳрвандони мо ҳастанд ва мо бо онҳо машғул мешавем", - хулоса кард Лянге.
Лентаи хабарҳо
0