Ба умеди мақомот нашуд: Муҳоҷирон худ роҳи Адрасмон- Хуҷандро асфалтпуш карданд – видео

Обуна шудан
Баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ягона роҳе, ки шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистонро ба Хуҷанд мепайвандад валангор шуда, тайи 30 сол душворгузар шуда буд
Баъди муроҷиатҳои бенатиҷа ба идораҳои давлатӣ, сокинон, онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд, барои ҳалли ин мушкили №1-и шаҳрак худ ташаббӯс карданд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ин шаҳрак сафар кард ва бо сокинон дар бораи чӣ гуна ба иҷро расонидани таъмири роҳ ҳамсӯҳбат шуд.
Абдулҳамид Раҳмонов, сокини Адрасмон ва аз ташаббускорони асфалтпушкунии роҳ зимни суҳбат гуфт, ки барои ин кор муҳоҷирон саҳми бузург гузоштаанд.
Баҳорон пур аз чангу хок, зимистонҳо пур аз лой: вазъи роҳи Чашмаи шаҳри Хуҷанд – видео
Бино ба гуфти ӯ, дар дар умум муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ва дигар сокинон 10 миллион сомонӣ ҷамъ намуданд ва аз ин ҳисоб 11 километр роҳи миёни Адрасмон – Хуҷанд мумфарш шуд.
“Мо дар WhatSapp гурӯҳи сокинони Адрасмон ташкил намудем ва дар он суратҳисоби ободии шаҳрак мавҷуд аст. Ҳар як нафар, ки чанд пул медиҳад, мо ҳар шом ҳисоботашро нашр мекунем. Ин кор муҳоҷиронро ба саҳмгузорӣ ба ободии роҳ шавқманд гардонид” – гуфт ӯ.
Роҳи миёни Адрасмон – Хуҷанд беш аз 70 километр дарозӣ дорад ва ба гуфтаи Раҳмонов таъмири 12 километр роҳи дигар ба нақша гирифта шудааст, ки қарор аст дар соли оянд он низ аз ҳисоби саҳми муҳоҷирон таъмир шавад.
Таъмири кӯчаҳои деҳа аз сӯйи сокинон
Маврид ба зикр аст, ки заминаи пайдоиши шаҳраки Адрасмон бунёди Комбинати полиметаллии “Қаромазор” ва конҳои нуқрау қурғошим пеш аз солҳои ҶБВ рост меояд, аммо даҳ соли пеш ин коргоҳи бузург аз кор мондаву мушкили фаровоне домангири сокинони ин шаҳраки замоне маъруфи саноӣ гардид, ки ҳоло аксар муҳоҷиранд.
Ҳоло на танҳо таъмири роҳу мушкили ҷойи кор, балки набуди оби тозаи нӯшокӣ низ яке дигар аз мушкили ҷиддии Адрасмон будааст, ки инро ҳангоми суҳбати ру ба рӯ сокинон изҳор мекунанд.
Сокинон мегӯянд, дар сурати аз ҷониби мақомот иқдоме нашудан, маҷбур мешаванд, худ дастбакор шаванд.
Лентаи хабарҳо
0