https://sputnik.tj/20231205/putin-mushkilot-tahsil-farzandon-muhojiron-kor-sukhan-1060731059.html
Путин дар бораи мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон изҳори назар кард
Путин дар бораи мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон изҳори назар кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия итминон дод, ки барои омода кардани пешниҳодҳо дар мавриди ҳалли мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирони корӣ дар мактабҳо дастур хоҳад дод
2023-12-05T13:31+0500
2023-12-05T13:31+0500
2023-12-05T17:15+0500
дар русия
владимир путин
муҳоҷират
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/07/1057594675_0:236:3013:1932_1920x0_80_0_0_2dd083bbadd83d0dc9634ec0b1086dda.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Мо наметавонем вонамуд кунем, ки мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирони корӣ вуҷуд надорад. Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни суханронӣ дар Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар изҳор дошт. Вай зикр кард, ки талабагон бояд дар мактабҳои русӣ таҳсили шоиста бигиранд, аммо ин набояд дар сурати тафовути зиёд дар сатҳи омодагӣ боиси бад шудани сифати таҳсили дигар хонандагон шавад. Раҳбари Русия ишора кард, ки мо бояд дар бораи ҳалли ҳамаи ин масъалаҳо фикр кунем.Вай ҳамчунин дар ин нишаст изҳор дошт, ки Русия бо мақомоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ масъалаи будубоши муҳоҷирон ва "кишвари мутамаддин бояд ҳуқуқи онҳоро чӣ гуна таъмин кунад"-ро бодиққат баррасӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, Путин қайд кард, ки коргарони хориҷӣ низ бояд расму ойин ва қонунҳоро риоя кунанд. "Ин мардум бояд забон, анъана ва қонунҳои моро донанд, қонунҳоро эҳтиром кунанд. Ҳамтоёни ман аз кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ дар ин самт якҷоя кор мекунанд", - таъкид кард президенти Русия. Қаблан раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 56-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия дар соҳаи маориф манфиатдор аст. Вай ёдовар шуд, ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо муқаррар шуда, ҳамчунин барномаи давлатии такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро, ки барои таҳсил дар тамоми мактабҳо ҳатмӣ аст, тасвиб кард.
https://sputnik.tj/20231129/moskvagiho-muhojiron-oyanda-kist-1060641937.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/07/1057594675_156:0:2885:2047_1920x0_80_0_0_825c5728588d623bd776134900002679.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин мушкилот таҳсил фарзандон муҳоҷирон
путин мушкилот таҳсил фарзандон муҳоҷирон
Путин дар бораи мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон изҳори назар кард
13:31 05.12.2023 (Навсозишуда: 17:15 05.12.2023) Раисиҷумҳури Русия итминон дод, ки барои омода кардани пешниҳодҳо дар мавриди ҳалли мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирони корӣ дар мактабҳо дастур хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Мо наметавонем вонамуд кунем, ки мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирони корӣ вуҷуд надорад.
Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни суханронӣ дар Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар изҳор дошт.
Вай зикр кард, ки талабагон бояд дар мактабҳои русӣ таҳсили шоиста бигиранд, аммо ин набояд дар сурати тафовути зиёд дар сатҳи омодагӣ боиси бад шудани сифати таҳсили дигар хонандагон шавад.
"Ин як масъалаи алоҳида аст ва мо наметавонем вонамуд кунем, ки ин мушкилот вуҷуд надорад", - таъкид кард ӯ.
Раҳбари Русия ишора кард, ки мо бояд дар бораи ҳалли ҳамаи ин масъалаҳо фикр кунем.
Вай ҳамчунин дар ин нишаст изҳор дошт, ки Русия бо мақомоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ масъалаи будубоши муҳоҷирон ва "кишвари мутамаддин бояд ҳуқуқи онҳоро чӣ гуна таъмин кунад"-ро бодиққат баррасӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Путин қайд кард, ки коргарони хориҷӣ низ бояд расму ойин ва қонунҳоро риоя кунанд.
"Ин мардум бояд забон, анъана ва қонунҳои моро донанд, қонунҳоро эҳтиром кунанд. Ҳамтоёни ман аз кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ дар ин самт якҷоя кор мекунанд", - таъкид кард президенти Русия.
Қаблан раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 56-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия дар соҳаи маориф манфиатдор аст.
Вай ёдовар шуд, ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо муқаррар шуда, ҳамчунин барномаи давлатии такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро, ки барои таҳсил дар тамоми мактабҳо ҳатмӣ аст, тасвиб кард.