https://sputnik.tj/20231207/ufti-digarbora-rubl-boloravi-dollar-qurb-asor-1060758990.html
Уфти дигарбораи рублу болоравии доллар: қурби асъор
Уфти дигарбораи рублу болоравии доллар: қурби асъор
Sputnik Тоҷикистон
Рубл дар Тоҷикистон пас аз уфту суқути дурудароз тайи чанд ҳафтаи гузашта то 125 сомонӣ барои 1000 рубл боло рафт, аммо рӯзҳои ахир дигарбора коҳиш меёбад
2023-12-07T10:02+0500
2023-12-07T10:02+0500
2023-12-07T10:02+0500
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_e7acd0390934aedc3e0e0f89484b7f28.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон дигарбора қурби пули русӣ дар баробарии сомонии тоҷикӣ башиддат поин меравад.Чунин вазъро дар арзномаи Бонки миллии Тоҷикистон метавон мушоҳида кард.Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 118,8 сомонӣ аст.Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл 1000 рубл 119,6 сомонӣ муқаррар шуда буд.Асъори русӣ ахиран, пас аз онки Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд, каме тақвият ёфта, тайи чанд ҳафта ба ин су аз 108 сомонӣ барои 1000 рубл гаронтар мешуд. Аммо дигарбора ҳоло рӯ ба коҳиш дорад.Қурби арзи аврупоӣ низ каме поин рафтааст. Ба гузориши Бонки миллӣ ҳоло барои ҳар евро 11.8266 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш як евро ба 11.8696 сомонӣ баробар буд.Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ боз беҳтар шудааст. Агар қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ бар ивази 1 доллар 10.9569 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9617 сомонӣ медиҳанд.Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9617 то 10.9500 сомонӣ, 1 евро аз 11.8266 то 11.9300 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 118,8 то 119 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20230818/malum-shud-dollar-khafv-pesh-1058910169.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_702af7f7ec562944b4eeed06dc559817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
уфт дигарбора рубл болоравӣ доллар қурб асъор
уфт дигарбора рубл болоравӣ доллар қурб асъор
Уфти дигарбораи рублу болоравии доллар: қурби асъор
Рубл дар Тоҷикистон пас аз уфту суқути дурудароз тайи чанд ҳафтаи гузашта то 125 сомонӣ барои 1000 рубл боло рафт, аммо рӯзҳои ахир дигарбора коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон дигарбора қурби пули русӣ дар баробарии сомонии тоҷикӣ башиддат поин меравад.
Чунин вазъро дар арзномаи Бонки миллии Тоҷикистон метавон мушоҳида кард.
Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 118,8 сомонӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл 1000 рубл 119,6 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Асъори русӣ ахиран, пас аз онки Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд, каме тақвият ёфта, тайи чанд ҳафта ба ин су аз 108 сомонӣ барои 1000 рубл гаронтар мешуд. Аммо дигарбора ҳоло рӯ ба коҳиш дорад.
Қурби арзи аврупоӣ низ каме поин рафтааст. Ба гузориши Бонки миллӣ ҳоло барои ҳар евро 11.8266 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш як евро ба 11.8696 сомонӣ баробар буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ боз беҳтар шудааст. Агар қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ бар ивази 1 доллар 10.9569 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9617 сомонӣ медиҳанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9617 то 10.9500 сомонӣ, 1 евро аз 11.8266 то 11.9300 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 118,8 то 119 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.