https://sputnik.tj/20230818/malum-shud-dollar-khafv-pesh-1058910169.html
Маълум шуд, ки барои доллар чӣ хафв пеш меорад
Маълум шуд, ки барои доллар чӣ хафв пеш меорад
Sputnik Тоҷикистон
Давлатҳо, ки долларро ҳамчун воситаи мубориза истифода мебаранд, эътимоди онро коҳиш медиҳанд, аз ин рӯ кишварҳо ба истифода аз асъор камтар майл доранд
2023-08-18T14:57+0500
2023-08-18T14:57+0500
2023-08-18T20:32+0500
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049371996_0:268:3073:1996_1920x0_80_0_0_d4ebc8b34163c4a37a7de6dd28dc25d7.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сиёсати берунии таҷовузкоронаи Иёлоти Муттаҳида ва дигаргуниҳои соҳаи пулии он як қатор мамлакатҳоро водор кард, ки дар бораи даст кашидан аз асъори амрикоӣ фикр кунанд. Дар ин бора нашрияи иқтисодии Туркия Dünya менависад. Гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида касри буҷаашро кайҳо боз ба қайд гирифтаанд. Ин нигарониҳо дар бораи таваррум ва арзиши долларро ба вуҷуд меорад. Муаллифони матлаб ёдовар шудаанд, ки дар солҳои ахир Амрико ба низоъҳои геополитикӣ, аз ҷумла ба ҷангҳои Ироқу Афғонистон дахолат кард. Ба ин сабаб муносибатҳои Вашингтон бо як қатор давлатҳо тезу тунд гардид, бинобар ин бисёриҳо дасткашӣ аз долларро оғоз карданд. Нашрия, ҳамзамон, қайд мекунад, ки дар заминаи дуриҷӯӣ аз асъори амрикоӣ, Чин нуфузи худро дар тамоми ҷаҳон зиёд карда, пули худ — юанро пеш мебарад. Дар матлаб гуфта мешавад, "асъорҳои криптовалютӣ ба мисли биткоин, ки таҳти назорати ҳукумат нестанд, барои онҳое, ки алтернатива ба долларро меҷӯянд, ҷолиб шуданд". Қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар ҷаласаи пленарии SPIEF гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида бо истифода аз доллар ба унвони абзори мубориза эътимоди онро коҳиш медиҳад.Ӯ гуфт, худи ИМА сабаби асосии дуриҷӯии дигарон аз асъораш аст.
https://sputnik.tj/20230713/rais-bmt-rushd-iqtisod-mmd-i-tojikiston-1058240407.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049371996_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_976217a45e1b1fad28f81d87cc84880a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
доллар хафв има иқтисод асъор
доллар хафв има иқтисод асъор
Маълум шуд, ки барои доллар чӣ хафв пеш меорад
14:57 18.08.2023 (Навсозишуда: 20:32 18.08.2023) Давлатҳо, ки долларро ҳамчун воситаи мубориза истифода мебаранд, эътимоди онро коҳиш медиҳанд, аз ин рӯ кишварҳо ба истифода аз асъор камтар майл доранд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сиёсати берунии таҷовузкоронаи Иёлоти Муттаҳида ва дигаргуниҳои соҳаи пулии он як қатор мамлакатҳоро водор кард, ки дар бораи даст кашидан аз асъори амрикоӣ фикр кунанд.
Дар ин бора нашрияи иқтисодии Туркия Dünya менависад.
"Таваҷҷӯҳи аз ҳад зиёд ба пули ягона, тағирот дар сиёсати пулии ИМА ва таҳримҳо ё маҳдудиятҳои эҳтимолӣ аз ҷониби онҳо хатар дорад",- қайд кардааст нашрия.
Гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида касри буҷаашро кайҳо боз ба қайд гирифтаанд. Ин нигарониҳо дар бораи таваррум ва арзиши долларро ба вуҷуд меорад.
Муаллифони матлаб ёдовар шудаанд, ки дар солҳои ахир Амрико ба низоъҳои геополитикӣ, аз ҷумла ба ҷангҳои Ироқу Афғонистон дахолат кард.
Ба ин сабаб муносибатҳои Вашингтон бо як қатор давлатҳо тезу тунд гардид, бинобар ин бисёриҳо дасткашӣ аз долларро оғоз карданд.
Нашрия, ҳамзамон, қайд мекунад, ки дар заминаи дуриҷӯӣ аз асъори амрикоӣ, Чин нуфузи худро дар тамоми ҷаҳон зиёд карда, пули худ — юанро пеш мебарад.
Дар матлаб гуфта мешавад, "асъорҳои криптовалютӣ ба мисли биткоин, ки таҳти назорати ҳукумат нестанд, барои онҳое, ки алтернатива ба долларро меҷӯянд, ҷолиб шуданд".
Қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар ҷаласаи пленарии SPIEF гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида бо истифода аз доллар ба унвони абзори мубориза эътимоди онро коҳиш медиҳад.
Ӯ гуфт, худи ИМА сабаби асосии дуриҷӯии дигарон аз асъораш аст.