Бузургтарин корхонаи Тоҷикистон 10 сол боз “хоб” аст: "Адрасмон" кай ба кор медарояд?

Обуна шудан
Ба далели кор накардани корхонаи "Адрасмон" на танҳо садҳо нафар бешуғл мондаанд, балки буҷаи давлатӣ аз даромади даҳҳо миллион сомонӣ маҳрум шудааст
Комбинати маъдантозакунии Адрасмон дар соли 1941 дар аҳди Шӯравӣ таъсис шуд ва ба пайдоиши шаҳраке дар ҳудуди шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон) қисмати шимолии вилояти Суғд заминаи бунёдӣ гузошта буд.
Он замонҳо Адрасмонро шаҳраки кӯҳканҳо ва ё “маркази урали тоҷикон” машҳур шуд ба ин далел, ки бузургтарин кони нуқра дар ҳамин макон ҷойгир аст ва зуҳуроти металҳои гаронбаҳо аз ҷумла тиллову сурб (қурғошим) дар бағали кӯҳҳои Қурама ва Қаромазор нуҳуфтаанд.
Комбинати маъдантозакунии Адрасмон то сол 2000 аз коргоҳҳое маҳсуб мешуд, ки дар он ҳудуди 1500 сокин бо шуғл фаро гирифта мешуданд. Солҳои 1994 - 1996 ин коргоҳ ҳаҷми истихроҷи маъданро давоми як сол ба беш аз 630 ҳазор тон расонидааст, ки беҳтарин нишододи истеҳсолӣ маҳсуб мешуду сарчашмаи аслии ғанигардонии буҷа.
Ба умеди мақомот нашуд: Муҳоҷирон худ роҳи Адрасмон- Хуҷандро асфалтпуш карданд – видео
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон Қамари Аҳрор ба шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон сафар кард ва аз вазъи Комбинати маъдан дидан кард. Ӯ, гуфт ҳоло ҳама конҳои ин коргоҳ беодам ва холӣ мондаанд.
Асадулло Ҳабибов, сардори шуъбаи посбонии Комбинати Адрасмон аст, ки мегуяд, 22 сол боз дар ин коргоҳ фаъолият мекунад. Ӯ зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар замони фаъол будани коргоҳ қариб ҳама сокинони шаҳрак бо ҷойи кор таъмин буданд, аммо аз кор бозмондани комбинат онҳо ба мушкили бекорӣ дучор шуданд.
“Аз сабаби кор накардани комбинат баъзеҳо ночор ба коргоҳҳои берун аз ҳудуди Адрасмон рафтанд, бархеи дигар адами бекорӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтаанд” – гуфт, Ҳабибов.
Ахиран то соли 2012 чархаҳои ин корхонаи саноатии Тоҷикистонро ширкатҳои қазоқистонӣ мегардониданд. Соли 2013 дар пайи буҳрони фарогири иқтисодӣ, ки сабаби якбора коҳишёбии нархи метал дар биржаҳои ҷаҳонӣ гардид, ин корхона аз кор бозистод.
Мақомоти Тоҷикистон лоиҳаи Кони Мансурро 2,5 млрд доллар арзёбӣ кардааст
Дар пайи аз кор бозистодани коргоҳ мушкили қарздорӣ аз пардохти маош ва обу барқу андоз ба беш аз 48 миллион сомонӣ дакка задааст.
Қаблан дар ҳукумати шаҳри Гулистон мегуфтанд, ки бо мусоидати ширкатҳои саноатии Русия ин коргоҳ дубора бо иқтидори пештара фаъол карда хоҳад шуд. Масъулин изҳор мекунанд, ки барои бозсозии он кам ё беш аз 100 миллион доллар сармоя лозим аст.
Сокинони Адрасмон, умедворанд, ки мушкили фаъолсозии коргоҳ аз сар гирифта шуда коллективи бузурги коргаронаш дубора ба кор фаро гирифта хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0