Мақомоти Тоҷикистон лоиҳаи Кони Мансурро 2,5 млрд доллар арзёбӣ кардааст

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСлиток металла, архивное фото
Слиток металла, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Обуна шудан
Кони Мансур аз конҳоест, ки захираҳои бузурги нуқраро дар миқёси ҷаҳон дорад ва ширкате, ки ба истихроҷи он мепардозад метавонад то 10 млрд доллар фоида бигирад
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Кони Калони Мансур як лоиҳаи бузург ва аз лиҳози технологӣ мушкил аст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир.
Ба гуффтаи вай дар ҳоли ҳозир вазорат сари ин лоиҳа ва заминасозии техникӣ ва иқтисодии ин лоиҳа фаъолият дорад.
“Мо бо ниҳодҳои молиявӣ кор дорем. Мо натанҳо бо ниҳодҳои молиявӣ балки бо ширкате, ки ин лоиҳаро таҳия дорад кор карда истодаем. Ҳамчунин бо ширкатҳои бузурги байналмилалӣ дар бораи ин лоиҳа гуфтӯгӯ дорем. Ин лоиҳа ҳоло дар кор аст”, - гуфт ӯ.
Шералӣ Кабир ҳамчунин илова кард, ки арзиши лоиҳаи мазкур 2,5 млрд долларро ташкил медиҳад
Вазири саноат илова кард, ки лоиҳаи Кони Мансур бисёр як лоиҳаи бузург аст ва ба таҳқиқи калон ниёз доард.
Строительство Рогунской гидроэлектростанции на реке Вахш 1983 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2023
Ҷаримаву парвандаи мансабдорон барои риоя накардани бехатарӣ дар саноат: тафсилот
Қаблан ҳукумати тоҷикстон барои ҷалби сармоягузорони хориҷа чандин бор тендер эълон карда буд.
Тендер ҷиҳати истихроҷи нуқра аз Кони Калони Мансур, ҳанӯз тирамоҳи соли 2009 аз сӯи давлати Тоҷикистон эълон шуда буд.
Сараввал даҳ ширкат барои иштирок дар ин музояда ҳуҷҷат пешниҳод карданд. Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати Тоҷикистон BHP Billiton, Zijin Mining, JNMC ва консорсиуми ширкатҳо иборат аз "Казтсинком", ҷамъияти саҳомии "Кони Мансур", Glencore Inc ва корхонаи "Адрасмон"-ро ба даври ниҳоии ширкат роҳ дод.
Се ширкати бузурги аввалӣ яке пайи дигар довталабона аз идомаи ширкат дар озмун даст кашиданд. Консорсиуми ширкатҳо зери роҳбарии ширкати қазоқии "Казтсинк" дар ин озмун танҳо монд ва аммо бо ин вуҷуд масъулони Кумитаи сармоягузорӣ умед доштанд, ин ширкат аз тендер даст нахоҳад кашид ва онро ғолиб эълон хоҳанд кард.
Аммо мутаасифона ин тендер ноком шуд. Ифшо шудани номи "Казтсинк" дар мутбуот ҳамчун иштирокчии тендер роҳбаронашро ҳайратзада карда ва дар ин росто дар дохили ширкат моҷаро бархостааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2023
Тағйирот дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ
Кони Калони Мансур аз конҳоест, ки захираҳои бузурги нуқраро дар миқёси ҷаҳон дар худ дорад ва ширкате, ки ба истихроҷи он мепардозад метавонад то 10 миллиард доллар суд бубинад.
Бино бар натиҷаи арзёбиҳои охир ҳар тонна маъдани Кони Калони Мансур 50 грамм нуқра дорад.
Ин кон дар ноҳияи Ашт, шимоли Тоҷикистон, аз маъданҳои зиёди мухталиф иборат буда, ҳаҷми умумии онҳо наздик ба 1 миллиард тоннаро ташкил медиҳад ва танҳо нуқра дар ин байн ба 50 000 тонна баробар аст.
Лентаи хабарҳо
0