https://sputnik.tj/20231205/peshgui-bozii-istiqlol-al-nasr-ronaldu-tasir-bozi-1060731332.html
Пешгӯии бозии “Истиқлол” ва “Ан-Наср”: Роналду меомад ҳам, таъсире ба бозӣ надошт
Пешгӯии бозии “Истиқлол” ва “Ан-Наср”: Роналду меомад ҳам, таъсире ба бозӣ надошт
Sputnik Тоҷикистон
“Ан-Наср” бо наовардани ситорааш Роналду “Истиқлол”-ро чашми кам гирифт ва бошгоҳи душанбегӣ бояд нишон диҳад, то ҳариф сабақи фаромӯшнашаванда бигирад
2023-12-05T14:51+0500
2023-12-05T14:51+0500
2023-12-05T17:11+0500
тими "истиқлол"
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбо
дар тоҷикистон
арабистони саудӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/05/1060731503_65:0:835:433_1920x0_80_0_0_67605da246724daa5acb9659a8c0a291.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Бозии шом миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” пуршиддат хоҳад буд, зеро барои бошгоҳи Тоҷикистон ин охирин бозияш дар Лигаи Қаҳрамонҳост ва мехоҳад, ки назди мухлисон рақобати шоиста нишон диҳад.Дар ин бора мутахассиси шинохтаи футбол ва ҳамзамон сармуррабии тими "Шодмон"-и шаҳри Ҳисор Рустам Хоҷаев ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, бозӣ бояд хуб гузарад, зеро тими “Ан-Наср” ба мақсадаш расид, аз гуруҳаш баромад ва мумкин омодагии ҷиддӣ низ надида бошад, аммо дар ҳар сурат ин ҳарифи сарсахт аст ва бозигарони қавӣ дорад.Дар мавриди он, ки “Истиқлол” дар ин дидор бештар аз кадом равиш кор хоҳад гирифт, мутахассис гуфт, ки дар чунин рақобатҳо барои дастаҳои мо якбора аз ҳуҷум кор гирифтан намешавад."Худи мураббиён медонанд, ки дар бозиҳои қаҳрамонӣ кор нахуст аз дифоъ оғоз мешавад ва пас аз омӯзиши бозӣ ва тавонмандии ҳариф ба ҳамла гузариш сурат мегирад", - афзуд Хоҷаев.Ӯ дар мавриди бозӣ бе ҳузури Роналду гуфт, ки ҳарчанд мухлисон бисёр хоҳони омадани ӯ буданд, аммо будан ва ё набудани ӯ ба гумонам таъсире дар бозӣ нахоҳад дошт, зеро дигар бозигарони “Ан-Наср” низ сатҳи ҷаҳониянд ва маҳорату малакаи хуб доранд.Бо назардошти бозии қаблӣ ба гуфтаи Хоҷаев “ин бозӣ мусовӣ хоҳад шуд”.Дар ҳамин ҳол журналист ва пажӯҳишгари маъруфи кишвар Обид Шакурзода, ки пайваста дидгоҳашро дар мавриди футболи кишвар менависад бар ин назар аст, ки “Ан-Наср” бо наовардани ситорааш Роналду “Истиқлол”-ро чашми кам гирифт.Вай дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон афзуд, бошгоҳи душанбегӣ бояд нишон диҳад, ки ҳариф чунин дидгоҳро бозпас ва сабақи фаромӯшнашаванда бигирад.Зеро ба гуфтаи вай дар охирин дидори расмии лиги Арабистон “Ан-Наср” бо ҳузури ҳамин Роналду бозиро бо "Ал -Ҳилол" бо натиҷаи 3 :0 бохт! “Истиқлол” бо "Ал -Ҳилол" ҳам вохӯрдааст, вохӯрии таърихӣ, ки ӯ фаромуш намекунад.Вай таъкид кард, ки "Истиқлол" - ро мебояд боз аз худ шаҳомат бинамоёнад ва ин“Ан-Наср” -и хотирҷамъро хотирпарешон кунад.Ба гуфтаи шореҳи футбол Фирдавси Хурсанд бошад, "Ан-Наср" дар гурӯҳ имтиёзи кофиро ба даст оварда, ба марҳилаи плей офф-и Лигаи чемпионҳои Осиё баромадааст, аз ин рӯ ташрифи мегаситораи футболиро ба сарзамини футболӣ муҳим нашуморид.Номбурда мегӯяд, барои "Истиқлол" низ фикр мекунам омадани Роналду муҳимтар аз ин бозӣ буд, чун бурду бохт ғайри риояи тақвими бозиҳои АФК дигар ягон аҳамияти хоса надорад. Дастаи душанбегӣ аз идомаи рақобатҳои Лигаи чемпионҳои Осиё маҳрум гардид ва бозингарон фақат барои оморҳои инфиродӣ талош мекунанд.Ба андешаи ӯ, Садио Мане, ки дар оморҳои Лигаи чемпионҳои Осиё ҳоло онқадар натиҷаҳои назаррас надорад аз ин хотир шояд ягон шоҳкориҳо анҷом бидиҳад ва аз рӯи сатҳи бозӣ низ дастаи арабӣ нисбати дастаи душанбегӣ як сару гардан боло меистад.“Гуфтаниям, ки агар Черевченко мавқеи дурусти футболбозонро дар майдон таъмин намояд ба маҳорату истеъдоди футболбозони худӣ то андозае такя карда мешавад. Агар ғалаба ҳам ба даст наорем, умедворем шикасти ба қавле сахт намехурем”, - таъкид кар Фирдавси ХурсандБозии дастаҳо дар доираи даври шашуми лигаи қаҳрамонҳои Осиё 5 декабр дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир мешавад. Оғози бозӣ соати 21:00 муқаррар шудааст.
https://sputnik.tj/20231205/bozi-ruz-istiqlol-niyat-shikasti-al-nasr-dorad-1060726788.html
https://sputnik.tj/20231204/ronaldu-tojikiston-nameoyad-sabab-chist-1060717732.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/05/1060731503_117:0:784:500_1920x0_80_0_0_cd89a024af22ff6960e489d6273f1365.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешгӯӣ бозӣ “истиқлол” “ал-наср” роналду бозӣ
пешгӯӣ бозӣ “истиқлол” “ал-наср” роналду бозӣ
Пешгӯии бозии “Истиқлол” ва “Ан-Наср”: Роналду меомад ҳам, таъсире ба бозӣ надошт
14:51 05.12.2023 (Навсозишуда: 17:11 05.12.2023) Эксклюзив
“Ан-Наср” бо наовардани ситорааш Роналду “Истиқлол”-ро чашми кам гирифт ва бошгоҳи душанбегӣ бояд нишон диҳад, то ҳариф сабақи фаромӯшнашаванда бигирад
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Бозии шом миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” пуршиддат хоҳад буд, зеро барои бошгоҳи Тоҷикистон ин охирин бозияш дар Лигаи Қаҳрамонҳост ва мехоҳад, ки назди мухлисон рақобати шоиста нишон диҳад.
Дар ин бора мутахассиси шинохтаи футбол ва ҳамзамон сармуррабии тими "Шодмон"-и шаҳри Ҳисор Рустам Хоҷаев ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, бозӣ бояд хуб гузарад, зеро тими “Ан-Наср” ба мақсадаш расид, аз гуруҳаш баромад ва мумкин омодагии ҷиддӣ низ надида бошад, аммо дар ҳар сурат ин ҳарифи сарсахт аст ва бозигарони қавӣ дорад.
"Бозӣ барои “Истиқлол” вазнин мешавад, аммо бовар дорем, ки тими Тоҷикистон дар назди ҳаводоронаш бозии хуб нишон медиҳад",- гуфт мавсуф.
Дар мавриди он, ки “Истиқлол” дар ин дидор бештар аз кадом равиш кор хоҳад гирифт, мутахассис гуфт, ки дар чунин рақобатҳо барои дастаҳои мо якбора аз ҳуҷум кор гирифтан намешавад.
"Худи мураббиён медонанд, ки дар бозиҳои қаҳрамонӣ кор нахуст аз дифоъ оғоз мешавад ва пас аз омӯзиши бозӣ ва тавонмандии ҳариф ба ҳамла гузариш сурат мегирад", - афзуд Хоҷаев.
Ӯ дар мавриди бозӣ бе ҳузури Роналду гуфт, ки ҳарчанд мухлисон бисёр хоҳони омадани ӯ буданд, аммо будан ва ё набудани ӯ ба гумонам таъсире дар бозӣ нахоҳад дошт, зеро дигар бозигарони “Ан-Наср” низ сатҳи ҷаҳониянд ва маҳорату малакаи хуб доранд.
Бо назардошти бозии қаблӣ ба гуфтаи Хоҷаев “ин бозӣ мусовӣ хоҳад шуд”.
Дар ҳамин ҳол журналист ва пажӯҳишгари маъруфи кишвар Обид Шакурзода, ки пайваста дидгоҳашро дар мавриди футболи кишвар менависад бар ин назар аст, ки “Ан-Наср” бо наовардани ситорааш Роналду “Истиқлол”-ро чашми кам гирифт.
Вай дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон афзуд, бошгоҳи душанбегӣ бояд нишон диҳад, ки ҳариф чунин дидгоҳро бозпас ва сабақи фаромӯшнашаванда бигирад.
Зеро ба гуфтаи вай дар охирин дидори расмии лиги Арабистон “Ан-Наср” бо ҳузури ҳамин Роналду бозиро бо "Ал -Ҳилол" бо натиҷаи 3 :0 бохт! “Истиқлол” бо "Ал -Ҳилол" ҳам вохӯрдааст, вохӯрии таърихӣ, ки ӯ фаромуш намекунад.
Вай таъкид кард, ки "Истиқлол" - ро мебояд боз аз худ шаҳомат бинамоёнад ва ин“Ан-Наср” -и хотирҷамъро хотирпарешон кунад.
Ба гуфтаи шореҳи футбол Фирдавси Хурсанд бошад, "Ан-Наср" дар гурӯҳ имтиёзи кофиро ба даст оварда, ба марҳилаи плей офф-и Лигаи чемпионҳои Осиё баромадааст, аз ин рӯ ташрифи мегаситораи футболиро ба сарзамини футболӣ муҳим нашуморид.
Номбурда мегӯяд, барои "Истиқлол" низ фикр мекунам омадани Роналду муҳимтар аз ин бозӣ буд, чун бурду бохт ғайри риояи тақвими бозиҳои АФК дигар ягон аҳамияти хоса надорад.
Дастаи душанбегӣ аз идомаи рақобатҳои Лигаи чемпионҳои Осиё маҳрум гардид ва бозингарон фақат барои оморҳои инфиродӣ талош мекунанд.
Ба андешаи ӯ, Садио Мане, ки дар оморҳои Лигаи чемпионҳои Осиё ҳоло онқадар натиҷаҳои назаррас надорад аз ин хотир шояд ягон шоҳкориҳо анҷом бидиҳад ва аз рӯи сатҳи бозӣ низ дастаи арабӣ нисбати дастаи душанбегӣ як сару гардан боло меистад.
“Гуфтаниям, ки агар Черевченко мавқеи дурусти футболбозонро дар майдон таъмин намояд ба маҳорату истеъдоди футболбозони худӣ то андозае такя карда мешавад. Агар ғалаба ҳам ба даст наорем, умедворем шикасти ба қавле сахт намехурем”, - таъкид кар Фирдавси Хурсанд
Бозии дастаҳо дар доираи даври шашуми лигаи қаҳрамонҳои Осиё 5 декабр дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир мешавад. Оғози бозӣ соати 21:00 муқаррар шудааст.