https://sputnik.tj/20231204/ronaldu-tojikiston-nameoyad-sabab-chist-1060717732.html
Роналду ба Тоҷикистон намеояд: сабаб дар чист?
Роналду ба Тоҷикистон намеояд: сабаб дар чист?
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи маъмурияти бошгоҳи Саудӣ, Криштиану дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон ҷароҳат бардошт, ки пурра барқарор нашудааст
2023-12-04T12:53+0500
2023-12-04T12:53+0500
2023-12-05T11:38+0500
криштиану роналду
дар тоҷикистон
бозӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/07/1053337032_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_8a780733763a0f1772574e8df6263b5e.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ситораи футболи ҷаҳонӣ ва бозигари бошгоҳи “Ал-”Наср”-и Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон намеояд.Дар ин бора аз бошгоҳи “Истиқлол” ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд. Вай ҳамзамон афзуд, ки бошгоҳи арабӣ соати 14:30 ба вақти Тоҷикистон вориди Душанбе мешавад.Ба гуфтаи маъмурияти бошгоҳи Саудӣ, Криштиану дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон ҷароҳат бардошт, ки пурра барқарор нашудааст.Қаблан интизор мерафт, ки ҳамлавари португалӣ дар ҳайати дастааш барои рақобат бо тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон ба Душанбе меояд.Бозии дастаҳо дар доираи даври шашуми лигаи қаҳрамонҳои Осиё 5 декабр дар варзишгоҳи марказии пойтахт доир мешавад.Маврид ба зикр аст, ки 24 август натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023/2024 маълум шуд.Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе дар гурӯҳи "Е" бо тимҳои Эрон ("Персеполис"), Қатар ("Ал-Дуҳайл") ва Арабистони Саудӣ ("Ан-Наср") бозӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20231017/darvozaboni-tojik-janjol-oshti-ronaldu-1059994931.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/07/1053337032_23:0:2752:2047_1920x0_80_0_0_1a3333c59eb0f7357d72018f326a1879.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роналду тоҷикистон намеояд сабаб
роналду тоҷикистон намеояд сабаб
Роналду ба Тоҷикистон намеояд: сабаб дар чист?
12:53 04.12.2023 (Навсозишуда: 11:38 05.12.2023) Эксклюзив
Ба гуфтаи маъмурияти бошгоҳи Саудӣ, Криштиану дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон ҷароҳат бардошт, ки пурра барқарор нашудааст
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ситораи футболи ҷаҳонӣ ва бозигари бошгоҳи “Ал-”Наср”-и Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон намеояд.
Дар ин бора аз бошгоҳи “Истиқлол” ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
“Тавре аз бошгоҳи “Ал-”Наср” ба мо гуфтанд, Роналду каме осеб дидааст ва дигар ҷузъиёт надоданд”, - гуфт манбаъ.
Вай ҳамзамон афзуд, ки бошгоҳи арабӣ соати 14:30 ба вақти Тоҷикистон вориди Душанбе мешавад.
Ба гуфтаи маъмурияти бошгоҳи Саудӣ, Криштиану дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон ҷароҳат бардошт, ки пурра барқарор нашудааст.
Қаблан интизор мерафт, ки ҳамлавари португалӣ дар ҳайати дастааш барои рақобат бо тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон ба Душанбе меояд.
Бозии дастаҳо дар доираи даври шашуми лигаи қаҳрамонҳои Осиё 5 декабр дар варзишгоҳи марказии пойтахт доир мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки 24 август натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023/2024 маълум шуд.
Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе дар гурӯҳи "Е" бо тимҳои Эрон ("Персеполис"), Қатар ("Ал-Дуҳайл") ва Арабистони Саудӣ ("Ан-Наср") бозӣ мекунад.