Бозии рӯз: "Истиқлол" нияти шикасти "Ал-Наср"-ро дорад

© Дафтари матбуоти бошгоҳи "Истиқлол"Бозии "Истиқлол" бо "Ал-Наср"
Бозии Истиқлол бо Ал-Наср - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2023
Обуна шудан
Масъулини бошгоҳи Душанбе мегӯянд, бозӣ бо Роналду барои бозигарони тоҷик шарафи бузург мебуд, аммо тими Арабистони Саудӣ ситораҳои дигар низ дорад
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. "Истиқлол" ният дорад, ки бар "Ал-Наср" пирӯз шавад.
Ёвари сармураббии тими Душанбе, Юрий Батуренко зимни нишасти хабарии қабл аз бозӣ гуфт, футболбозон мехоҳанд бозии хуб нишон диҳанд.
"Мо ба беҳтарин натиҷа умед дорем. Мухлисони зиёд хоҳанд буд, мо бояд ба саудиҳо муборизаи хубро нишон диҳем ва ҳаводорони худро шод гардонем", - гуфт ӯ, итттилоъ дод, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ афзуд, каме ҳаяҷони пеш аз бозӣ ҳаст, зеро хуб медонем, ки яке аз беҳтарин дастаҳои Лигаи қаҳрамонҳои феълӣ ба назди мо омадааст.
Батуренко афзуд, бозӣ бо Роналду барои бозигарони тоҷик шарафи бузург мебуд, аммо тими Арабистони Саудӣ ситораҳои дигарро низ дорад.
“Мо ҳама интизори омадани ӯ будем, бо чунин бозигари дараҷаи олӣ бозӣ кардан ҳоло ҳам масъулият ва шараф аст. Аммо вай ба бозӣ наомад, вале дар ҳайати ҳарифон ситораҳои бисёр ва устодони дараҷаи ҷаҳонӣ омадаанд”,- афзудааст мавсуф.
Дар ҳамин ҳол нимҳимоятгари “Истиқлол” Эҳсони Панҷшанбе мегӯяд, ки бозии ҷолиб ва хубе мухлисонро интизор аст.
“Мутаасифона мо шонси аз гурӯҳ баромаданро аз даст додем, вале баҳри пирузӣ ба майдон мебароем”,- гуфт бозигар.
Сармураббии "Ал-Наср" Луис Кастро зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе низ гуфт, ки барои пирӯзӣ омадаанд.
Ӯ дар шарҳи наомадани Роналду гуфт, Криштиану мошин нест, инсон аст, 38-сола ва бояд худро эҳтиёт кунад.
"Ман ҳамаи мухлисони Роналдуро эҳтиром мекунам, аммо омадани ӯ ғайриимкон буд. Ӯ 38-сола аст. Бояд ба саломатии худ ғамхорӣ кунад", - гуфт мураббӣ.
Мэр Душанбе и председатель Национального совета (Маджлиси Милли) Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Баҳси рушди футбол дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулин: Ӯ камбудӣ ва роҳи ҳалро гуфт
Кастро афзуд, ки ин тасмим дар якҷоягӣ бо раҳбарияти бошгоҳ ва бозигарон гирифта шудааст.
Бозии дастаҳо дар доираи даври шашуми лигаи қаҳрамонҳои Осиё 5 декабр дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир мешавад. Оғози бозӣ соати 21:00 муқарра шудааст.
Аз ҳаводорони бозӣ дархост шудааст, ки барои бидуни мамониат вориди майдон шудан, чаҳор соат пеш аз рақобат ҳозир шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки 24 август натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023/2024 маълум шуд.
Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе дар гурӯҳи "Е" бо тимҳои Эрон ("Персеполис"), Қатар ("Ал-Дуҳайл") ва Арабистони Саудӣ ("Ан-Наср") бозӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0