https://sputnik.tj/20231108/sokinon-kuchahoi-deha-tamir-dorand-1060368182.html
Таъмири кӯчаҳои деҳа аз сӯйи сокинон
Таъмири кӯчаҳои деҳа аз сӯйи сокинон
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони деҳаи Некноти Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент дастҷамъона кӯчаи асосии деҳа ва як роҳи дигарро, мумфарш намоянд
2023-11-08T11:42+0500
2023-11-08T11:42+0500
2023-11-08T12:25+0500
дар тоҷикистон
мумфарш
роҳ
панҷакент
суғд
таъмир
мумфаршкунии роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/08/1060367879_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_63bb8409d876e707a20a952d185a04eb.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Сокинони деҳаи Некноти Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент низ иқдом гирифтанд, ки дастҷамъона кӯчаи асосии деҳа ва роҳ то деҳаи Зери Ҳисорро, ки беш аз се километр аст, мумфарш намоянд.Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Панҷакент хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, сокинон нахуст роҳро васеъ, тахту ҳамвор ва фарши онро барои мумфаршкунӣ омода карданд.“Ба ин кор техникаю механизмҳои зарурӣ низ сафарбар карда, давоми ду рӯз масофаи беш аз як километр мумфарш карда шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.Тавре ташаббускорони ин иқдом гуфтанд роҳ ду қабат мумфарш карда мешавад ва даҳҳо нафар сокинон бо истифода аз техникаҳои зарурӣ ба ин кор машғул мебошанд.Мақомоти шаҳри Панҷакент таъкид кардааст, ки соли равон бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинон дар шаҳр беш аз 15 киломер роҳҳои маҳаллӣ ва кӯчаҳо мумфарш ва 24 километр таъмир ва шағалпӯш карда шуд.
https://sputnik.tj/20211116/masrafi-besh-az-20-million-somoni-az-suyi-sohibkoroni-bokhtar-baroi-tamiri-roh-1043565537.html
панҷакент
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/08/1060367879_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_3dd341b5b5d971534d9538531daeac27.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯча, деҳа, таъмир роҳ, сокинон, панҷакент, роҳ, дастаҷамъона, мумфарш
тоҷикистон, кӯча, деҳа, таъмир роҳ, сокинон, панҷакент, роҳ, дастаҷамъона, мумфарш
Таъмири кӯчаҳои деҳа аз сӯйи сокинон
11:42 08.11.2023 (Навсозишуда: 12:25 08.11.2023) Сокинони деҳаи Некноти Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент дастҷамъона кӯчаи асосии деҳа ва як роҳи дигарро, мумфарш менамоянд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Сокинони деҳаи Некноти Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент низ иқдом гирифтанд, ки дастҷамъона кӯчаи асосии деҳа ва роҳ то деҳаи Зери Ҳисорро, ки беш аз се километр аст, мумфарш намоянд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, сокинон нахуст роҳро васеъ, тахту ҳамвор ва фарши онро барои мумфаршкунӣ омода карданд.
“Ба ин кор техникаю механизмҳои зарурӣ низ сафарбар карда, давоми ду рӯз масофаи беш аз як километр мумфарш карда шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Тавре ташаббускорони ин иқдом гуфтанд роҳ ду қабат мумфарш карда мешавад ва даҳҳо нафар сокинон бо истифода аз техникаҳои зарурӣ ба ин кор машғул мебошанд.
Мақомоти шаҳри Панҷакент таъкид кардааст, ки соли равон бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинон дар шаҳр беш аз 15 киломер роҳҳои маҳаллӣ ва кӯчаҳо мумфарш ва 24 километр таъмир ва шағалпӯш карда шуд.