Рустами Эмомалӣ дар бораи забони русӣ ва омодагии ҳамкориҳои бештар бо Русия шуд

© Sputnik / Андрей Иглов / Гузариш ба медиабонкРоссийские учебники по русскому языку
Российские учебники по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2023
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар кишвар бо назардошти аҳамияти муассири забони русӣ барои омӯхтани он имкониятҳои васеъ фароҳам шудааст
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи хоса дорад ва ҳавасманди тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти маориф бо Русия аст.
Дар ин бора раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни суханронияш дар ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, забони русиро дар ҳамаи макотиби Тоҷикистон сар аз синфи дуввум аллакай меомӯзанд ва дар бисёре аз муассисаҳои томактабӣ корҳои таълимӣ бо забони русӣ роҳандозӣ шудааст.
Ҳамчунин ӯ аз 10 донишгоҳ дар ҷумҳурӣ ёдовар шуд, ки дар онҳо мутахассисони филологияи рус омода мекунанд.
Дар ҳама донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба таври ҳатмӣ давоми ду нимсола донишҷӯён забони русиро меомӯзанд.
Президент РФ В. Путин посетил президентский лицей в Сириусе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Донистани забони русӣ барои ҷавонон роҳҳои навро боз мекунад
Ба гуфтаи шаҳрдори Душанбе дар пойтахт ҳоло Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва ҳамчунин филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишгоҳи Энергетикии Маскав- МИСИС амал мекунад.

“Давоми се соли ахир дар Тоҷикистон теъдоди онҳое, ки маълумоти олӣ бо забони русӣ гирифтанд ба беш аз 39 ҳазор нафар мерасад”, - гуфт мавсуф.

Ӯ ҳамзамон аз таҳсили донишҷӯёни тоҷик, ки бо дастгирии ҳукумати Русия дар донишгоҳҳои ин кишвар дохил шудаанд, ёдовар шуда, гуфт, ки теъдоди онҳо ҳоло ба 30 ҳазор нафар мерасад.
Ҳамчунин ба иттилои мавсуф, ҳоло дар сатҳи ҷумҳурӣ 244 мактаби миёна, ки таҳсилашон бо забони русӣ аст, мавҷуд мебошад, ки аз ин шумора таълим дар 59 мактаб пурра бо забони русӣ сурат гирифта, дар 185-тои дигар синфҳои русӣ ва тоҷикӣ амал мекунанд.
Вай гуфт, ки дар ин муассисаҳо беш аз 135 ҳазор хонанда таҳсил мекунад.
Номбурда таъкид кард, ки бо назардошти аҳамияти муассири забони русӣ, пеш аз ҳама дар рушди илм, техника ва маориф, дар Тоҷикистон барои омӯхтани он имкониятҳои васеъ фароҳам шудааст.
Лентаи хабарҳо
0