https://sputnik.tj/20231127/muhim-jang-ghazza-khotima-isroil-maghlub-1060627301.html
Муҳим нест, ки ҷанг дар Ғазза чӣ гуна хотима меёбад: Исроил аллакай мағлуб шудааст
Муҳим нест, ки ҷанг дар Ғазза чӣ гуна хотима меёбад: Исроил аллакай мағлуб шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар мавриди сарфи назар кардан аз қонуни байналмилалӣ ва фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ, кафолат дода мешавад, ки Исроил дар ҳоли шармандагӣ хоҳад монд.
2023-11-27T16:10+0500
2023-11-27T16:10+0500
2023-12-04T18:52+0500
исроил
ғазза
фаластин
ҷанг
сиёсат
мағлубият
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/1b/1060622078_0:186:2982:1863_1920x0_80_0_0_dd3aa61a4827e3b477fb962b66a9674e.jpg
ДУШАНБЕ, 27.11.2023 — Sputnik, Кирилл Стрелников. Дирӯз раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ гуфт, ки фаластиниҳо тавонистанд Исроилро дар ҷараёни даргириҳо дар навори Ғазза шикаст диҳанд, менависад рӯзноманигори РИА Новости.Мисли бисёре аз ҳокимони шарқӣ, ки душманонро дар росту чап мағлуб мекунанд ва онҳоро рама-рама ба ҷаҳаннам мефиристанд, ӯ вазъияти кунуниро ба таври театрӣ рангоранг тасвир кардааст:Раисӣ гуфт: Саҳюнистҳо дар оғоз эълон карданд, ки мехоҳанд Ғаззаро ишғол кунанд ва Муқовиматро аз байн баранд, аммо ба ҳеҷ як аз ин ҳадафҳо ноил нашуданд. Агар воқеъоти 40 рӯзи охирро таҳлил кунем, бояд иброз дорем, ки душман ба маглубияти нанговар дучор шуд ва халқи Фаластин ва Муқобилат ғалабаи бузург ба даст овард".Ҳарчанд ин изҳорот дар пасманзари набуди пирӯзии ҳатто ками Ҳамос дар Ғазза,(дар бораи мувафақияти “бузург” гап ҳам нест), тааҷубовар аст, Раисӣ ҳақ аст, чун чизи комилан дигареро дар назар дошт.Бале, Исроил як қисми ободи Ғаззаро ба хок яксон кард, як қисми дигарро ишғол кард, ҳар рӯз аз хадамоти матбуоти Нерӯҳҳои Амнияти Исроил (САХАЛ), чун аз як халтаи сӯрох, гузоришҳо оид ба тахриб кардани даҳҳо километр нақбҳои зеризаминӣ, садҳо қароргоҳи забтшуда, манзилҳои ситодӣ, ҳазорон ҷангҷӯёни кушташуда ва даҳҳо раҳбарони безараршудаи Ҳамос мерезанд.Айнан дирӯз сухангӯи САХАЛ Ҷонатан Конрикус таъриф мекард, ки онҳо "аз 12 баталёни Ҳамос тақрибан аз 11- ро дар қисмати шимолии навор шикаст доданд. Аммо вай далели мушаххас наовард.Аммо, сарфи назар аз талафоти ҳаррӯзаи аскару техника, нерӯҳҳои Исроил ин қаламравро тадриҷан ишгол мекунанд. Қобилияти ҳарбӣ ва иқтисодии Артиши Исроил ва Ҳамос қиёснашавандаанд, ин маънои онро дорад, ки дер ё зуд, пас аз як моҳ, баъди як сол ё панҷ сол Исроил метавонад Ғаззаро комилан ишғол кунад. Воқеан, замоне нахуствазири Исроил Нетаняҳу инро яке аз ҳадафҳои амалиёт эълон карда буд.Ҳадафҳои аслӣ ба ҷуз бозгашти гаравгонҳо, аз байн бурдани Ҳамос ва ҷилавгирӣ аз раҳбарииминбаъдаи навор аз тарафи он дар оянда аст. Ба ибораи дигар, ин тасвири пирӯзии Исроил бар душмани ашадитаринаш аст. Рохбарияти Исроил дигар мақсаду нақшаҳои аниқ, аз ҷумла нақшаи давраи баъди ҷангро надорад.Аммо мушкили Исроил дар он аст, ки бидуни ҷисман нобуд кардани тамоми фаластиниён ва дар айни замон тамоми олами арабу ислом ноил шудан ба ин ҳадафҳо ғайриимкон аст, ки ин маънои онро дорад, ки пирӯзии Исроил аслан номумкин аст.Барои фаҳмидани ин, шумо бояд бифаҳмед, ки Ҳамос ба монанди ҳама гуна сохторҳои шабеҳ бо номҳои драмавӣ, як шахси ҳуқуқӣ нест, ки баста шавад ё сафҳои муназзами артиш нест, ки бомбаборон шавад. Ҳамос як ҷунбиши дорои идеологияи оддӣ аст: озодии Фаластин ва аз байн бурдани Исроил (ҳадди ақал дар шакли ҳозирааш, яъне ҳамчун кишваре, ки қисми зиёди он аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин иборат аст).Ва ин ҳадаф бидуни вақт аст, яъне мӯҳлат ё санаи сурх дар тақвим надорад. Ҳамос ба талафот беэътибор аст ва қодир аст, ки дар ҳама гуна набардҳои мушаххас, аз ҷумла дар набард барои Ғазза мағлуб шавад. Ҳар як “узви ҳақиқии Ҳамос” оромона бо фикре зиндагӣ мекунад, ки шояд шахсан ӯ пирӯзиро набинад, аммо наслҳои ояндаи ҷангиён онро хоҳанд дид. Ва ин ба ӯ мувофиқ аст.Такяи Исроил ба интиқоми бераҳмона ва бомбгузории шадид дар воқеъ ҳадди ақал ним миллион марди синну соли низомиро ба сафи Ҳамос (ё он чизе, ки баъд аз он меояд) ҷалб мекунад, ки ҳар яки онҳо бо Исроил ҳисобишахсии худро доранд.Мавкеи "уқобон"-и исроилӣ, ки ошкоро эълон карданд, ки бо "ҳайвонҳо" мубориза мебаранд ва тайёранд муқобили ду миллион нафар сокинони навори Газза яроқи ядроиро истифода баранд, дар олами арабу ислом ҳиссиёти зиддиисроилиро мустаҳкам намуда, ҳароси онҳоро тасдиқ кард, ки камбуди сафи ихтиёриён дар муборизаи муқаддас бо Исроил вуҷуд нахоҳад дошт.Ҳатто агар Исроил ҳамаи раҳбарони феълии Ҳамосро нобуд созад, ки ин мушкил ва ғайриимкон аст, ҷои онҳоро раҳбарони нав хоҳанд гирифт.Ва идеяи "ҷилавгирӣ аз раҳбарии Ҳамос дар навори Ғазза", ҳатто аз нигоҳи назариявӣ, танҳо дар сурати ишғоли абадии низомии ин навор аз ҷониби Исроил имконпазир аст, ки ба далели ризоияти қариб пурра дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ягона рохи дурусти халли ин ҷанҷол — барпо намудани давлати алоҳидаи мустақили Фаластин, ғайривоқеӣ аст.Ҳатто мудофеъи содиқтарини Исроил, Иёлоти Муттаҳида ҷуръат накард, ки алайҳи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал, ки наслкушии фаластиниёнро маҳкум мекунад ва барои ҳалли фаврии сулҳ даъват мекунад, раъй диҳад.Дар иҷлосияи дирӯзаи G20 якдилона тасдиқ карда шуд, ки ба ҷуз "ҳалли ду давлат" роҳи дигаре аз ин бӯҳрон нест. Раҳбарони Ҳамос борҳо таъкид кардаанд, ки яке аз ҳадафҳои муборизаи онҳо инзивои байналмилалии Исроил аст.Ва из ин бармеояд, ки дар мавриди сарфи назар кардан аз қонуни байналмилалӣ ва фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ, кафолат дода мешавад, ки Исроил дар ҳоли шармандагӣ хоҳад монд, яъне бой дод.Агар Исроил нерӯҳои худро хориҷ кунад ва давлати Фаластин таъсис ёбад, Исроил дучанд бойхоҳад дод.Аммо агар мо тамоми ҷанбаҳои низомию сиёсиро рад кунем ҳам, коршиносони байналмилалӣ дар як чиз розӣ ҳастанд: Исроил ҳамчун як кишвар ва ҳамчун ҷомеа дар ҳар сурат дучори тағйироти шадид хоҳад шуд, яъне мо метавонем тахмин кунем, ки Исроили “кӯҳна” воқеан аз байн рафт.Ин магар пирӯзии Ҳамос нест?Роҳбарияти Русия дар амалӣ кардани зарурати деринаи таъсиси давлати Фаластин фаъолона иштирок мекунад.Ин ба ҳадафҳо ва усулҳои Ҳамос рабте надорад, ки Русия ба таври возеҳ онро арзёбӣ кардааст.Ин як қадами дигар дар роҳи бунёди ҷаҳони нави одилона аст, ки дар он барои он ки туро шунаванд, сари занону тифлонро буридан лозим нест ва барои таъмини амнияти кишвари худ бошад, даххо хазор нафар шаҳрвандонро набояд нобуд сохт.
https://sputnik.tj/20231124/ima-otashbas-ghazza-dar-haros-1060590590.html
https://sputnik.tj/20231124/jihod-islom-falastin-tarh-tabodul-asiron-isroil-1060593764.html
https://sputnik.tj/20231121/vao-isroil-hamos-sozish-rahoi-garavgonho-nazdik-1060545772.html
https://sputnik.tj/20231119/erdugon-jahoni-islom-ghazza-muttahidi-davat-1060516692.html
исроил
ғазза
фаластин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/1b/1060622078_126:0:2857:2048_1920x0_80_0_0_63f6590faf68b4d56167176fc289bdcf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
исроил, ғазза, фаластин, мағлубият, ҷанг, сиёсат
исроил, ғазза, фаластин, мағлубият, ҷанг, сиёсат
Муҳим нест, ки ҷанг дар Ғазза чӣ гуна хотима меёбад: Исроил аллакай мағлуб шудааст
16:10 27.11.2023 (Навсозишуда: 18:52 04.12.2023) Дар мавриди сарфи назар кардан аз қонуни байналмилалӣ ва фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ, кафолат дода мешавад, ки Исроил дар ҳоли шармандагӣ хоҳад монд.
ДУШАНБЕ, 27.11.2023 — Sputnik, Кирилл Стрелников. Дирӯз раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ гуфт, ки фаластиниҳо тавонистанд Исроилро дар ҷараёни даргириҳо дар навори Ғазза шикаст диҳанд, менависад рӯзноманигори РИА Новости.
Мисли бисёре аз ҳокимони шарқӣ, ки душманонро дар росту чап мағлуб мекунанд ва онҳоро рама-рама ба ҷаҳаннам мефиристанд, ӯ вазъияти кунуниро ба таври театрӣ рангоранг тасвир кардааст:
Раисӣ гуфт: Саҳюнистҳо дар оғоз эълон карданд, ки мехоҳанд Ғаззаро ишғол кунанд ва Муқовиматро аз байн баранд, аммо ба ҳеҷ як аз ин ҳадафҳо ноил нашуданд. Агар воқеъоти 40 рӯзи охирро таҳлил кунем, бояд иброз дорем, ки душман ба маглубияти нанговар дучор шуд ва халқи Фаластин ва Муқобилат ғалабаи бузург ба даст овард".
Ҳарчанд ин изҳорот дар пасманзари набуди пирӯзии ҳатто ками Ҳамос дар Ғазза,(дар бораи мувафақияти “бузург” гап ҳам нест), тааҷубовар аст, Раисӣ ҳақ аст, чун чизи комилан дигареро дар назар дошт.
Бале, Исроил як қисми ободи Ғаззаро ба хок яксон кард, як қисми дигарро ишғол кард, ҳар рӯз аз хадамоти матбуоти Нерӯҳҳои Амнияти Исроил (САХАЛ), чун аз як халтаи сӯрох, гузоришҳо оид ба тахриб кардани даҳҳо километр нақбҳои зеризаминӣ, садҳо қароргоҳи забтшуда, манзилҳои ситодӣ, ҳазорон ҷангҷӯёни кушташуда ва даҳҳо раҳбарони безараршудаи Ҳамос мерезанд.
Айнан дирӯз сухангӯи САХАЛ Ҷонатан Конрикус таъриф мекард, ки онҳо "аз 12 баталёни Ҳамос тақрибан аз 11- ро дар қисмати шимолии навор шикаст доданд. Аммо вай далели мушаххас наовард.
Аммо, сарфи назар аз талафоти ҳаррӯзаи аскару техника, нерӯҳҳои Исроил ин қаламравро тадриҷан ишгол мекунанд. Қобилияти ҳарбӣ ва иқтисодии Артиши Исроил ва Ҳамос қиёснашавандаанд, ин маънои онро дорад, ки дер ё зуд, пас аз як моҳ, баъди як сол ё панҷ сол Исроил метавонад Ғаззаро комилан ишғол кунад. Воқеан, замоне нахуствазири Исроил Нетаняҳу инро яке аз ҳадафҳои амалиёт эълон карда буд.
Ҳадафҳои аслӣ ба ҷуз бозгашти гаравгонҳо, аз байн бурдани Ҳамос ва ҷилавгирӣ аз раҳбарииминбаъдаи навор аз тарафи он дар оянда аст. Ба ибораи дигар, ин тасвири пирӯзии Исроил бар душмани ашадитаринаш аст. Рохбарияти Исроил дигар мақсаду нақшаҳои аниқ, аз ҷумла нақшаи давраи баъди ҷангро надорад.
Аммо мушкили Исроил дар он аст, ки бидуни ҷисман нобуд кардани тамоми фаластиниён ва дар айни замон тамоми олами арабу ислом ноил шудан ба ин ҳадафҳо ғайриимкон аст, ки ин маънои онро дорад, ки пирӯзии Исроил аслан номумкин аст.
Барои фаҳмидани ин, шумо бояд бифаҳмед, ки Ҳамос ба монанди ҳама гуна сохторҳои шабеҳ бо номҳои драмавӣ, як шахси ҳуқуқӣ нест, ки баста шавад ё сафҳои муназзами артиш нест, ки бомбаборон шавад. Ҳамос як ҷунбиши дорои идеологияи оддӣ аст: озодии Фаластин ва аз байн бурдани Исроил (ҳадди ақал дар шакли ҳозирааш, яъне ҳамчун кишваре, ки қисми зиёди он аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин иборат аст).
Ва ин ҳадаф бидуни вақт аст, яъне мӯҳлат ё санаи сурх дар тақвим надорад. Ҳамос ба талафот беэътибор аст ва қодир аст, ки дар ҳама гуна набардҳои мушаххас, аз ҷумла дар набард барои Ғазза мағлуб шавад. Ҳар як “узви ҳақиқии Ҳамос” оромона бо фикре зиндагӣ мекунад, ки шояд шахсан ӯ пирӯзиро набинад, аммо наслҳои ояндаи ҷангиён онро хоҳанд дид. Ва ин ба ӯ мувофиқ аст.
Такяи Исроил ба интиқоми бераҳмона ва бомбгузории шадид дар воқеъ ҳадди ақал ним миллион марди синну соли низомиро ба сафи Ҳамос (ё он чизе, ки баъд аз он меояд) ҷалб мекунад, ки ҳар яки онҳо бо Исроил ҳисобишахсии худро доранд.
Мавкеи "уқобон"-и исроилӣ, ки ошкоро эълон карданд, ки бо "ҳайвонҳо" мубориза мебаранд ва тайёранд муқобили ду миллион нафар сокинони навори Газза яроқи ядроиро истифода баранд, дар олами арабу ислом ҳиссиёти зиддиисроилиро мустаҳкам намуда, ҳароси онҳоро тасдиқ кард, ки камбуди сафи ихтиёриён дар муборизаи муқаддас бо Исроил вуҷуд нахоҳад дошт.
Ҳатто агар Исроил ҳамаи раҳбарони феълии Ҳамосро нобуд созад, ки ин мушкил ва ғайриимкон аст, ҷои онҳоро раҳбарони нав хоҳанд гирифт.
Ва идеяи "ҷилавгирӣ аз раҳбарии Ҳамос дар навори Ғазза", ҳатто аз нигоҳи назариявӣ, танҳо дар сурати ишғоли абадии низомии ин навор аз ҷониби Исроил имконпазир аст, ки ба далели ризоияти қариб пурра дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ягона рохи дурусти халли ин ҷанҷол — барпо намудани давлати алоҳидаи мустақили Фаластин, ғайривоқеӣ аст.
Ҳатто мудофеъи содиқтарини Исроил, Иёлоти Муттаҳида ҷуръат накард, ки алайҳи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал, ки наслкушии фаластиниёнро маҳкум мекунад ва барои ҳалли фаврии сулҳ даъват мекунад, раъй диҳад.
Дар иҷлосияи дирӯзаи G20 якдилона тасдиқ карда шуд, ки ба ҷуз "ҳалли ду давлат" роҳи дигаре аз ин бӯҳрон нест. Раҳбарони Ҳамос борҳо таъкид кардаанд, ки яке аз ҳадафҳои муборизаи онҳо инзивои байналмилалии Исроил аст.
Ва из ин бармеояд, ки дар мавриди сарфи назар кардан аз қонуни байналмилалӣ ва фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ, кафолат дода мешавад, ки Исроил дар ҳоли шармандагӣ хоҳад монд, яъне бой дод.
Агар Исроил нерӯҳои худро хориҷ кунад ва давлати Фаластин таъсис ёбад, Исроил дучанд бойхоҳад дод.
Аммо агар мо тамоми ҷанбаҳои низомию сиёсиро рад кунем ҳам, коршиносони байналмилалӣ дар як чиз розӣ ҳастанд: Исроил ҳамчун як кишвар ва ҳамчун ҷомеа дар ҳар сурат дучори тағйироти шадид хоҳад шуд, яъне мо метавонем тахмин кунем, ки Исроили “кӯҳна” воқеан аз байн рафт.
Ин магар пирӯзии Ҳамос нест?
Роҳбарияти Русия дар амалӣ кардани зарурати деринаи таъсиси давлати Фаластин фаъолона иштирок мекунад.
Ин ба ҳадафҳо ва усулҳои Ҳамос рабте надорад, ки Русия ба таври возеҳ онро арзёбӣ кардааст.
Ин як қадами дигар дар роҳи бунёди ҷаҳони нави одилона аст, ки дар он барои он ки туро шунаванд, сари занону тифлонро буридан лозим нест ва барои таъмини амнияти кишвари худ бошад, даххо хазор нафар шаҳрвандонро набояд нобуд сохт.