Эрдуғон ҷаҳони исломро вобаста ба масъалаи Ғазза ба муттаҳидӣ даъват кард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2023
Обуна шудан
Кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ахиран дар изҳороти худ аз зарурати ваҳдат дар масоили марбут ба ҷаҳони ислом сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ба "ваҳдати ҷаҳони ислом" дар масъалаи вазъи навори Ғазза даъват кард, иттилоъ додааст дафтари раҳбари Туркия.
Эрдуғон ахиран бо раиси Шӯрои соҳибихтиёрии Судон Абдулфаттоҳ Абдулраҳмон Ал Бурҳон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
"Дар суҳбат вазъи ахири навори Ғазза, ки дар он ҳамлаҳои Исроил идома дорад ва талошҳо барои интиқоли кумакҳои башардӯстона ба фаластиниён баррасӣ шуд. Дар ҷараёни суҳбат президент Эрдуғон зарурати ваҳдат дар ҳама мавзӯъҳои марбут ба ҷаҳони ислом ва аҳамияти иҷрои қарорҳои дар нишасти Риёзи Созмони Ҳамкории Исломӣ қабулшуда таъкид кард”, - гуфтааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки навори Ғазза аз авоили моҳи октябр ба таври муназзам мавриди ҳадафи тирандозӣ қарор гирифта, бар асари он одамон кушта ва зербиноҳо тахриб шудаанд.
Столб дыма, поднимающийся во время израильской бомбардировки палестинского анклава на фоне продолжающихся боев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2023
Ҳамлаҳои Исроил ба ҷануб ва шимоли навори Ғазза - аксҳои даҳшатбор
Ҳамааш аз он сар зад, ки Ҳамос барои озодии заминҳои фаластинӣ, ки зери истилои Исроил қарор дорад, ҳамла кард, аз ин рӯ мақомоти Телавив дар баробари бомбаборон Ғаззаро дар муҳосираи комил қарор дода аз барқу об ва воридоти ғизо маҳрум карданд.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.
Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале факат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.
Дар баробари ин як қисми ҳудудҳои Фаластин хануз дар зери истилои Исроил мебошад.
Ҳамин тариқ, рӯзи 7 октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ эълон шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Илова бар ин, баъди ҳамлаҳои мушакӣ ҷангиёни ин созмон ба манотиқи марзии ҷануби Исроил ворид шуданд. Дар посух, нерӯҳои дифоъии Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карданд.
Лентаи хабарҳо
0