https://sputnik.tj/20231121/vao-isroil-hamos-sozish-rahoi-garavgonho-nazdik-1060545772.html
ВАО: Исроил ва Ҳамос ба созиш дар бораи раҳоии даҳҳо гаравгон наздиканд
ВАО: Исроил ва Ҳамос ба созиш дар бораи раҳоии даҳҳо гаравгон наздиканд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи иттилоъҳои пешакӣ қарор аст, ки Исроил ба раҳоии ҳар афроди зери дасти Ҳамос се маҳбуси фаластиниро, ки дар зиндонҳои худ нигоҳ медорад, озод хоҳад кард
2023-11-21T19:06+0500
2023-11-21T19:06+0500
2023-11-21T18:17+0500
вао
ҳамос
исроил
навори ғазза
созиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/02/1060303799_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_9efa670e8e9b1e7d2dad856ead51f97b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Исроил ва Ҳамос наздик ба созиш дар бораи раҳоии даҳҳо гаравгони зери дасти гуруҳи фаластинӣ дар ивази оташбаси муваққатӣ ҳастанд. Дар ин бора шабакаи 12-и телевизиони Исроил рӯзи сешанбе бо такя ба як мақоми баландпояи исроилӣ, ки номаш ошкор нашудааст, хабар дод. Ба гуфтаи вай, дар марҳилаи аввал бояд 50 нафар ва дар ивази тамдиди оташбас аз муҳлати дар марҳилаи аввали созиш пешбинишуда даҳщо нафари дигар, яъне то 100 нафарро раҳо кунанд.Дар шабакаи телевизион қайд мекунад, ки сухан дар бораи озод кардани занону кӯдакон меравад. Рӯзҳои ахир дар матбуот дар бораи созиши тарҳрезишуда барои раҳоии гаравгонони Ҳамос гузоришҳои бештар нашр мешавад. Мақомоти Исроил то ҳол гуфтаанд, ки ҳеҷ тавофуқи мушаххас ҳосил нашудааст. Хабари шабакаи 12 субҳи имрӯз пас аз мулоқоти хонаводаҳои гаравгонҳо ва аъзои кобинаи дар низоми маҳдуда дар қароргоҳи вазорати дифоъ дар Тел-Авив пахш шуд.Исроил метавонад се маҳбуси фаластиниро барои ҳар раҳоии гаравгони Ҳамос озод кунад. Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигори маъруфи исроилӣ Барак Равид дар шабакаи иҷтимоии X бо такя ба як манбаи огоҳ аз ҷараёни музокироти раҳоии гаравгонҳо дар навори Ғазза хабар дод, ки исроил имкон дорад се маҳбуси фаластиниро барои раҳоии ҳар гаравгони Ҳамос озод кунад."Як манбаи бо огоҳии мустақим аз музокирот ба ман гуфт, ки Исроил дар чаҳорчӯби созиши гаравгонгирӣ бар сари озодии ҳар афроди зери дасти Ҳамос се маҳбуси фаластиниро, ки дар зиндонҳои худ нигоҳ медорад, озод хоҳад кард", - навиштааст Равид. Барак Равид бо портали ибронии Walla ва нашрияи хабарии амрикоии Axios ҳамкорӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20231120/pekin-jahoni-davat-jilavgiri-fojia-ghazza-iqdom-1060521815.html
исроил
навори ғазза
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/02/1060303799_115:0:1024:682_1920x0_80_0_0_590835a21f35f9fc71824a0dc334bd75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вао исроил ҳамос созиш раҳоӣ гаравгон
вао исроил ҳамос созиш раҳоӣ гаравгон
ВАО: Исроил ва Ҳамос ба созиш дар бораи раҳоии даҳҳо гаравгон наздиканд
Тибқи иттилоъҳои пешакӣ қарор аст, ки Исроил ба раҳоии ҳар афроди зери дасти Ҳамос се маҳбуси фаластиниро, ки дар зиндонҳои худ нигоҳ медорад, озод хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Исроил ва Ҳамос наздик ба созиш дар бораи раҳоии даҳҳо гаравгони зери дасти гуруҳи фаластинӣ дар ивази оташбаси муваққатӣ ҳастанд.
Дар ин бора шабакаи 12-и телевизиони Исроил рӯзи сешанбе бо такя ба як мақоми баландпояи исроилӣ, ки номаш ошкор нашудааст, хабар дод.
"Мо то ҳол корҳои фаннӣ дорем, аммо воқеан ба созиш дар бораи баргардонидани даҳҳо гаравгононе, ки дар навори Ғазза боздошт шудаанд, хеле наздик ҳастем",- гуфт манбаи ин шабака.
Ба гуфтаи вай, дар марҳилаи аввал бояд 50 нафар ва дар ивази тамдиди оташбас аз муҳлати дар марҳилаи аввали созиш пешбинишуда даҳщо нафари дигар, яъне то 100 нафарро раҳо кунанд.
Дар шабакаи телевизион қайд мекунад, ки сухан дар бораи озод кардани занону кӯдакон меравад.
Рӯзҳои ахир дар матбуот дар бораи созиши тарҳрезишуда барои раҳоии гаравгонони Ҳамос гузоришҳои бештар нашр мешавад. Мақомоти Исроил то ҳол гуфтаанд, ки ҳеҷ тавофуқи мушаххас ҳосил нашудааст.
Хабари шабакаи 12 субҳи имрӯз пас аз мулоқоти хонаводаҳои гаравгонҳо ва аъзои кобинаи дар низоми маҳдуда дар қароргоҳи вазорати дифоъ дар Тел-Авив пахш шуд.
Исроил метавонад се маҳбуси фаластиниро барои ҳар раҳоии гаравгони Ҳамос озод кунад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигори маъруфи исроилӣ Барак Равид дар шабакаи иҷтимоии X бо такя ба як манбаи огоҳ аз ҷараёни музокироти раҳоии гаравгонҳо дар навори Ғазза хабар дод, ки исроил имкон дорад се маҳбуси фаластиниро барои раҳоии ҳар гаравгони Ҳамос озод кунад.
"Як манбаи бо огоҳии мустақим аз музокирот ба ман гуфт, ки Исроил дар чаҳорчӯби созиши гаравгонгирӣ бар сари озодии ҳар афроди зери дасти Ҳамос се маҳбуси фаластиниро, ки дар зиндонҳои худ нигоҳ медорад, озод хоҳад кард", - навиштааст Равид.
Барак Равид бо портали ибронии Walla ва нашрияи хабарии амрикоии Axios ҳамкорӣ мекунад.