https://sputnik.tj/20231125/norozigi-rais-vmkb-tarbiya-nasl-navras-1060600216.html
Норозигии раиси ВМКБ: Хониш хубу тарбия суст
Норозигии раиси ВМКБ: Хониш хубу тарбия суст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои тарбияи насли наврас як қатор чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва суҳбату мулоқотҳоро амалӣ кардаанд
2023-11-25T10:52+0500
2023-11-25T10:52+0500
2023-11-27T12:18+0500
дар тоҷикистон
маориф
вмкб
насл
наврас
кӯдак
алишер мирзонабот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/10/1043573327_0:0:961:540_1920x0_80_0_0_aee2c70aff3fd0cd0dd0de96d13eaf9f.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Дар ҷаласаи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ фаъолияти бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баррасӣ гардид.Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, аз руйи масъалаи мазкур, мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати ВМКБ, Ҳавобегим Сафарқулова ахборот дод. Вай қайд кард, ки бахши мазкур дар давоми 10 моҳи соли равон як қатор чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва суҳбату мулоқотҳоро анҷом додаст. Дар ҷаласа таъкид шудаст, ки дар давоми даҳмоҳаи аввали соли равон нисбати солҳои сипаригардида, дар байни ноболиғон қонунвайронкуниҳо кам ба назар расиданд.Алишер Мирзонабот таъкид дошт, ки гарчанде дар самти таълим хонандагони ВМКБ ба дастовардҳои зиёде ноил гардида истодаанд, вале дар масъали тарбия ҳанӯз ҳам камбудиҳои зиёде ҷой доранд."Барои пешгирӣ намудани ҳар гуна қонунвайронкуниҳо дар байни ноболиғон зарур аст, ки ҳамкории мактабу оила дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад", - дастур додааст раиси ВМКБ. Таъкид шудаст, ки иҷрои қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таҳким ёбад. Ҳамчунин бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, баланд бардоштани сатҳи тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳои марбута супориш дода шудаст.
https://sputnik.tj/20231117/rustami-emomali-zabon-rusi-omodagi-hamkori-rusiya-1060502190.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/10/1043573327_0:0:853:640_1920x0_80_0_0_52afa574646045e3012f5621d52c6513.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
алишер, мирзонабот, насл, наврас, тарбия
алишер, мирзонабот, насл, наврас, тарбия
Норозигии раиси ВМКБ: Хониш хубу тарбия суст
10:52 25.11.2023 (Навсозишуда: 12:18 27.11.2023) Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои тарбияи насли наврас як қатор чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва суҳбату мулоқотҳоро амалӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Дар ҷаласаи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ фаъолияти бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баррасӣ гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, аз руйи масъалаи мазкур, мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати ВМКБ, Ҳавобегим Сафарқулова ахборот дод.
Вай қайд кард, ки бахши мазкур дар давоми 10 моҳи соли равон як қатор чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва суҳбату мулоқотҳоро анҷом додаст.
Дар ҷаласа таъкид шудаст, ки дар давоми даҳмоҳаи аввали соли равон нисбати солҳои сипаригардида, дар байни ноболиғон қонунвайронкуниҳо кам ба назар расиданд.
Алишер Мирзонабот таъкид дошт, ки гарчанде дар самти таълим хонандагони ВМКБ ба дастовардҳои зиёде ноил гардида истодаанд, вале дар масъали тарбия ҳанӯз ҳам камбудиҳои зиёде ҷой доранд.
"Барои пешгирӣ намудани ҳар гуна қонунвайронкуниҳо дар байни ноболиғон зарур аст, ки ҳамкории мактабу оила дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад", - дастур додааст раиси ВМКБ.
Таъкид шудаст, ки иҷрои қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таҳким ёбад.
Ҳамчунин бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, баланд бардоштани сатҳи тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳои марбута супориш дода шудаст.