Созишномаи оташбас миёни Исроил ва Ҳамос вориди амал шуд

© AP / Fatima ShbairПалестинцы ищут выживших в здании, разрушенном в результате израильской бомбардировки в Хан-Юнисе, сектор Газа
Палестинцы ищут выживших в здании, разрушенном в результате израильской бомбардировки в Хан-Юнисе, сектор Газа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2023
Обуна шудан
Табодул аз рӯи формулаи “як ба се” дар назар аст: 50 гаравгони исроилӣ барои 150 маҳбуси фаластинӣ, ки аксари онҳо занону кӯдакон дар зиндонҳои Исроил мебошанд
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Созиши миёни артиши Исроил ва ҷунбиши фаластинии Ҳамос, ки навори Ғаззаро идора мекунад, вориди амал шуд.
Оташбас аз соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) 24 ноябр эътибор пайдо кард ва чаҳор рӯз давом хоҳад кард.
Дар чаҳорчӯби он ҳамарӯза 200 мошини боркаш бо кӯмаки башардӯстона ва чаҳор мошини маводи сӯхт ва гази моеъ вориди навори Ғазза хоҳад шуд.
Илова бар ин, Ҳамос гуфт, ки бо Исроил дар мавриди қатъи пурраи парвозҳои ҳавопаймоҳо дар қисмати ҷанубии ин анклав барои чаҳор рӯз ва дар қисмати шимолӣ барои шаш соат, аз соати 10:00 то 16:00 мувофиқа шудааст.
Ду рӯз пеш, Исроил ва Ҳамос бо миёнҷигарии Қатар аввалин тавофуқи густурда аз замони авҷ гирифтани низоъ сар аз 7 октябрро ба даст оварданд: онҳо ба мувофиқа расиданд, ки амалиёти ҷангиро барои чаҳор рӯз қатъ кунанд, то даҳҳо гаравгон ва боздоштшудаи якдигарро табодули кунанд.
Значок Седьмой конференции по межрегиональному сотрудничеству России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2023
Ҳамовозии Душанбе ва Маскав дар мавриди роҳи ҳалли буҳрони Фаластин
Хабар дода шуд, ки нахустин гурӯҳи гаравгонҳои исроилӣ, ки иборат аз 13 нафаранд, имрӯз, тақрибан соати 16:00 (17:00 ба вақти Маскав) супурда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, табодул аз рӯи формулаи “як ба се” дар назар аст: 50 гаравгони исроилӣ барои 150 маҳбуси фаластинӣ, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон дар зиндонҳои Исроил мебошанд.
Ҳамзамон, Ҳамос таҳдид кард, ки нерӯҳояш бо вуҷуди созиши оташбас "дар омодагии комили ҷангӣ барои ҳифзи мардуми Фаластин ва муқовимат ба ишғол" хоҳанд монд.
Ба гуфтаи Йоав Галант, вазири дифоъи Исроил, оташбас дар навори Ғазза як "танаффуси кӯтоҳ" хоҳад буд ва набардҳои шадид ҳадди ақал ду моҳи дигар идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0