Иҷозатномаҳо барои содироту воридоти молҳо ба ИИАО электронӣ мешавад

© Sputnik Мужчина в кабинете
Мужчина в кабинете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2023
Обуна шудан
Ин расмиёти бюрократиро соддатар мекунад ва инчунин ба шароитҳои пешбурди тиҷорат дар ҳавзаи иттиҳод таъсири мусбат мерасонад
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Шӯрои Комиссияи иқтисодии Авруосиё таҳрири нави қоидаҳои додани иҷозатнома барои содирот ва воридоти молҳоеро, ки ба онҳо дар тиҷорат бо кишварҳои сеюм чораҳои танзими ғайритарифӣ татбиқ мешаванд, тасдиқ кард,
Дар ин бора сомонаи кумисиюни иқтисодии созмон хабар медиҳад.
Дар назар аст, ки меъёрҳои муайяни ин санад баробари омода шудани кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё тибқи қонунгузории миллӣ татбиқ карда шаванд.
Масалан, имкони додани иҷозатномаҳо дар шакли ҳуҷҷати электронӣ ба таври автоматӣ, агар ин дар қонунгузории кишвари ИИАО пешбинӣ шуда бошад.
Дар ин маврид гузинаи истифодаи маҷмӯи ҳатмии маълумот аз шартномаи (қарордоди) тиҷорати хориҷӣ низ пайдо мешавад.
Форум ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2023
Кишварҳои ИИАО 93% худро бо озуқа таъмин мекунанд
“Вазъи босуръати рақамисозӣ зарурати қабули чунин қарорҳоро тақозо мекунад, ки онҳо бешубҳа расмиёти бюрократиро сода мекунанд ва инчунин ба шароитҳои пешбурди тиҷорат дар ИИАО таъсири мусбӣ мерасонанд", - қайд кард вазири савдои Комиссияи иқтисодии созмон Андрей Слепнев.
Барои омода кардани кишварҳои узв ба татбиқи қоидаҳои нав, қарор пас аз 60 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи эътибор пайдо кардани Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Шартнома дар бораи ИИАО оид ба иҷозатномадиҳӣ, ки 25 майи соли 2023 ба имзо расида, эътибор пайдо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0