Оғози моякӯбии оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкВакцина от коронавируса
Вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2023
Обуна шудан
Мақомот эълон кард, ки дар қаламрави Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Аз 20 то 30 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони осебпазири аз якунимсола то 5-солаи аҳолии мамлакат гузаронида мешаванд.
Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бо мақсади таъмин намудани амнияти солимии аҳолии мамлакат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда гузаронида мешаванд.
Бо ин мақсад 20 ноябр дар "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" ҳамоиш доир мегардад.
Вакцинация. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Ваксина дастрас шуд: Дар Тоҷикистон пурра кӯдаконро зидди сурхча моякӯбӣ мекунанд
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш - устувор нигоҳ доштани масунияти кӯдакон бар зидди сирояти пневмококкӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ дар бораи аҳамияти иммунизатсия дар пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи ваксинаҳо пешгиришаванда маҳсуб мешавад.
Лентаи хабарҳо
0