https://sputnik.tj/20230704/vaksina-tojikiston-kudakon-surkhcha-moyakubi-1058064253.html
Ваксина дастрас шуд: Дар Тоҷикистон пурра кӯдаконро зидди сурхча моякӯбӣ мекунанд
Ваксина дастрас шуд: Дар Тоҷикистон пурра кӯдаконро зидди сурхча моякӯбӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз якуним моҳ, баъди фароҳам кардани шароити лозима марҳилаи густурдаи моякӯбӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар эълон мешавад
2023-07-04T13:10+0500
2023-07-04T13:10+0500
2023-07-04T13:10+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
ваксина
наврӯз ҷаъфаров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101459/08/1014590808_0:706:1383:1483_1920x0_80_0_0_aa3efed9bb3ec495d48d3d1e6d966ea8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Тоҷикистон беш аз 2,5 млн воя ваксинаи зидди бемории сурхча дастрас кард.Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, ваксина дар асоси Барномаи миллии иммуннопрафилактика ба ҷумҳурӣ ворид шудааст.Гуфта мешавад, вазорат нақша дорад, беш аз 2,6 млн кӯдакони аз 6 -моҳа то 15 -соларо моякӯбӣ кунад.Ба гуфтаи Ҷаъфаров миқдори ваксинаи воридшуда вобаста ба талабот ва шумора ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ тақсим мегардад ва баъдан рӯзҳои моякӯбии умумиҷумҳуриявӣ дар як давраи муаян амалӣ карда мешавад.Қарор аст, ки чунин корҳо ба таъкиди мавсуф, давоми як ё якуним моҳ анҷом шуда, пасон дар пайи муроҷиати махсуси вазорат ба аҳолӣ рӯзҳои моякӯбӣ эълон шавад.Ӯ ҳамзамон афзуд, ки то санаи даҳуми моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон боз 400 ҳазор воя ваксинаи зидди сурхча ворид хоҳад шуд.Бино бар шарҳи мутахассис, сурхча бемории вирусӣ буда, хоси қишри кӯдакон буда, калонсолон низ дучори он мешаванд. Он миёни хурдсолон бидуни мушкилӣ мегузарад ва дар калонсолон баъзан монеа эҷод менамояд.Беморӣ зуд паҳншаванда буда, дар як муддати кутоҳ метавонад на танҳо як хонавода, балки ҷомеаро сироят кунад.Ба таъкиди Ҷаъфаров, моякӯбӣ яке аз роҳҳои саривақт ва арзони пешгирии ин беморӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20230427/tojikiston-vaz-bemori-surkhcha-posukh-vazorat-tandurusti-1056726231.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101459/08/1014590808_0:576:1383:1613_1920x0_80_0_0_a3a5faf067d59f34ac6660eff8d72dba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваксина тоҷикистон кӯдакон сурхча моякӯбӣ
ваксина тоҷикистон кӯдакон сурхча моякӯбӣ
Ваксина дастрас шуд: Дар Тоҷикистон пурра кӯдаконро зидди сурхча моякӯбӣ мекунанд
Эксклюзив
Пас аз якуним моҳ, баъди фароҳам кардани шароити лозима марҳилаи густурдаи моякӯбӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар эълон мешавад
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Тоҷикистон беш аз 2,5 млн воя ваксинаи зидди бемории сурхча дастрас кард.
Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ваксина дар асоси Барномаи миллии иммуннопрафилактика ба ҷумҳурӣ ворид шудааст.
Гуфта мешавад, вазорат нақша дорад, беш аз 2,6 млн кӯдакони аз 6 -моҳа то 15 -соларо моякӯбӣ кунад.
Ба гуфтаи Ҷаъфаров миқдори ваксинаи воридшуда вобаста ба талабот ва шумора ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ тақсим мегардад ва баъдан рӯзҳои моякӯбии умумиҷумҳуриявӣ дар як давраи муаян амалӣ карда мешавад.
“То ин рӯз мо бояд мутахассисони соҳавиро аз бозомӯзӣ гузаронем, пас аз ҷудонамоии ваксина ба манотиқ тартиби нигоҳдории онро фароҳам кунем”, - гуфт намояндаи вазорат.
Қарор аст, ки чунин корҳо ба таъкиди мавсуф, давоми як ё якуним моҳ анҷом шуда, пасон дар пайи муроҷиати махсуси вазорат ба аҳолӣ рӯзҳои моякӯбӣ эълон шавад.
Ӯ ҳамзамон афзуд, ки то санаи даҳуми моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон боз 400 ҳазор воя ваксинаи зидди сурхча ворид хоҳад шуд.
Бино бар шарҳи мутахассис, сурхча бемории вирусӣ буда, хоси қишри кӯдакон буда, калонсолон низ дучори он мешаванд. Он миёни хурдсолон бидуни мушкилӣ мегузарад ва дар калонсолон баъзан монеа эҷод менамояд.
Беморӣ зуд паҳншаванда буда, дар як муддати кутоҳ метавонад на танҳо як хонавода, балки ҷомеаро сироят кунад.
Ба таъкиди Ҷаъфаров, моякӯбӣ яке аз роҳҳои саривақт ва арзони пешгирии ин беморӣ мебошад.