https://sputnik.tj/20231116/jahishi-qurbi-rubl-dar-tojikiston-1060483294.html
Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Қурби рубли русӣ, ки чанд рӯз боз майли баландшавӣ дорад, давоми як шабонарӯзи ахир бештар аз се сомонӣ гаронтар шудааст
2023-11-16T09:48+0500
2023-11-16T09:48+0500
2023-11-16T10:00+0500
дар тоҷикистон
рубл
доллар
евро
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_e7acd0390934aedc3e0e0f89484b7f28.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 123,2 сомонӣ арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки аввали ҳафтаи сипаришуда дар кишвар 1000 рубл ҳамагӣ 119 сомонӣ арзиш дошт.Асъори русӣ тайи моҳҳои ахир мизони ноустуворро касб карда буд ва танҳо дар пайи амалкардҳои Бонки марказии Русия дар бораи баланд бурдани мизони бозтамвил каме беҳбуд пайдо мекунад.Дар баробари рубл евро ва доллар низ боз майли баландшавӣ касб намудааст.Агар рӯзи қабл бар ивази ҳар доллар 10.9536 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9546 сомонӣ медиҳанд.Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз як евро 11.9 сомонӣ муқаррар шудааст, ҳарчанд дирӯз он 11.7444 сомонӣ арзиш дошт. БМТ, ҳамчунин, нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9546 то 11.96, 1 евро аз 11.9 то 12 сомонӣ, 1000 рубли русӣ аз 123,2 то 124 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20230818/malum-shud-dollar-khafv-pesh-1058910169.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_702af7f7ec562944b4eeed06dc559817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаҳиш қурб рубл тоҷикистон
ҷаҳиш қурб рубл тоҷикистон
Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
09:48 16.11.2023 (Навсозишуда: 10:00 16.11.2023) Қурби рубли русӣ, ки чанд рӯз боз майли баландшавӣ дорад, давоми як шабонарӯзи ахир бештар аз се сомонӣ гаронтар шудааст
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 123,2 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки аввали ҳафтаи сипаришуда дар кишвар 1000 рубл ҳамагӣ 119 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори русӣ тайи моҳҳои ахир мизони ноустуворро касб карда буд ва танҳо дар пайи амалкардҳои Бонки марказии Русия дар бораи баланд бурдани мизони бозтамвил каме беҳбуд пайдо мекунад.
Дар баробари рубл евро ва доллар низ боз майли баландшавӣ касб намудааст.
Агар рӯзи қабл бар ивази ҳар доллар 10.9536 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9546 сомонӣ медиҳанд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз як евро 11.9 сомонӣ муқаррар шудааст, ҳарчанд дирӯз он 11.7444 сомонӣ арзиш дошт.
БМТ, ҳамчунин, нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9546 то 11.96, 1 евро аз 11.9 то 12 сомонӣ, 1000 рубли русӣ аз 123,2 то 124 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.