Бег Сабур розӣ нест, аммо кӯмак мекунад

© Foto / Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонРаиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат
Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур дар ҷаласаи васеи ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2023
Обуна шудан
Ахиран сардори Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои ниҳодаш дар амри беҳбуди хадамоти мобилӣ ва интернетро нокофӣ хонд
ДУШАНБЕ, 12 ноя – Sputnik. Ин нукта дар як ҷаласаи хосе, ки бо ширкати масъулини соҳаи алоқа, намояндагони ширкатҳои мобилӣ, провайдерҳои интернетӣ, бонкҳо ва “Барқи тоҷик” дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон баргузор шуд, зикр гардид.
Бино ба иттилоъе, ки дафтари матбуотии Хадамоти алоқа дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, Бег Сабур бо натиҷагирӣ аз корҳои анҷомшуда гуфт, ки ҳарчанд дастовардҳо дар боло бурдани кайфияти мавҷи алоқаи мобилӣ ва дастрасӣ ба интернет, арзонтар намудани арзиши хизматрасониҳо, рафъи монеаҳои мавсимии алоқа дар фасли сармо ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дида мешавад, аммо талошҳо кофӣ нестанд.
“Тадбирҳои амалӣ боз ҳам бештар шаванд ва дар авлавияти фаъолияти масъулин қарор гиранд. Талаботи ҷомеа ба соҳаи алоқа тадриҷан афзуда, рушди тамоми соҳаҳо аз бисёр ҷиҳат ба дастрасии қулай ба интернет вобаста гардидааст. Аз ин хотир, масъулини соҳаи алоқаро мебояд, ҳамеша дар пайи такмили механизми алоқаи мобилӣ ва интернет дар тамоми манотиқи кишвар бошанд. Дар навбати худ Хадамот омода аст, тамоми кӯмакҳоро ироа кунад”, - гуфтааст раиси Хадамоти алоқа.
Девушка снимает видео на смартфон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2023
Пас аз як ҳафта мӯҳлат Бег Сабур дар бораи интернету алоқа ҳисобот гирифт: тафсилот
Бино ба иттилоъи манбаъ, мавзуъи аслии ин ҷаласа баррасии фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” будааст, ки иҷрои он қабл аз ҳама ба сифати алоқаи интернет вобаста аст.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сифати пасти интернет, бахусус, дар навоҳиву деҳот, интиқоди зиёде садо дода буд.
Ба назари корбарон, фармони президенти Тоҷикистон дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро наметавон бидуни дастрасии лозим ба интернет мавриди иҷро қарор дод ва далели кайфияти пасти интернет ҳам бештар адами дастрасӣ ба барқ арзёбӣ мешавад.
Аз ин хотир, Бек Сабур дар ҷаласа аз “Барқи тоҷик” хостааст, ки дар ин амр талоши кофии худро ба харҷ диҳад ва ба ҳамин монанд тақозоҳое аз ширкаткунандагони дигари ҷаласа низ доштааст.
“Махсусан гуфта шуд, ки дар самтҳои боло бурдани сатҳи саводи техникии корбарони постерминалҳо дар маҳалҳо, пайваст намудани постерминалҳо ба системаҳои билингии марбута, кам намудани хароҷоти пардохтҳои ғайринақдӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми операторони мобилӣ ҷиҳати истифодаи сим-кортҳои онҳо мусоидати ШСХК "Барқи Тоҷик”, бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ ва амри зарурӣ мебошад”, - хабар медиҳад манбаъ.
Дастгоҳи пахши мавҷи алоқа, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Даромади бахши алоқа дар Тоҷикистон маълум шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳанӯз 23 декабри соли гузашта дар ҷараёни Паёми солонааш ба парлумони кишвар дастури беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишварро содир намуда, 22 июни соли ҷорӣ як фармон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” низ содир намуд.
Лентаи хабарҳо
0