https://sputnik.tj/20231101/beg-sabur-masulin-bakhsh-aloqa-hisobot-1060262008.html
Пас аз як ҳафта мӯҳлат Бег Сабур дар бораи интернету алоқа ҳисобот гирифт: тафсилот
Пас аз як ҳафта мӯҳлат Бег Сабур дар бораи интернету алоқа ҳисобот гирифт: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Раиси хадамот аз масъулин хостааст, ки иҷрои дастури президент ҷиҳати беҳтар намудани сифати интернет ва паст кардани арзиши он назорат намоянд
2023-11-01T09:02+0500
2023-11-01T09:02+0500
2023-11-01T12:15+0500
дар тоҷикистон
хадамоти алоқа
бег сабур
интернет
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/75/1030827522_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_52810b7d85be7382b7cab2fc1c486e66.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур, пас аз як ҳафта муҳлати додааш ба масъулини соҳа барои муаян намудани камбудиҳо махсусан дақиқсозии манотиқи беинтернет ва беалоқа ҷаласа орост.Дар ин бора дафтари матбуоти ин ниҳод гузориш медиҳад. Ба иттилои манбаъ, сардори Хадамот ба масъулини соҳаи алоқа ва ширкатҳои мобилӣ супориш додааст, ки норасоиву камбудиҳое, ки ҷиҳати таъмин намудани тамоми минтақаҳои кишвар бо алоқаи мобилӣ ва интернет ошкор гардидаанд, ба таври таъхирнопазир ислоҳ намоянд.Ҳамчунин намояндагони бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва “Барқи Тоҷик” назари худро доир ба ҳамкорӣ бо ин бахш ва беҳтар ҷорӣ кардани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар сатҳи маҳалҳо, таъмини доимии истгоҳҳои мавҷрасон дар ҳама фаслҳои сол бо барқ ва дигар масъалаҳо иброз доштанд. Дар идомаи ҷаласа Бег Сабур, аз намояндагони ниҳодҳои масъул даъват намуд, ки иҷрои дастури президент ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобиливу интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишварро назорат намоянд.Вай дар нишасти қаблияш изҳор дошта буд, ки арзиши интернет дар кишвар поин ва суръати он беҳтар шуда бошад ҳам, аммо то кунун нокифоя аст ва бояд боз беҳтар шавад.Ёдовар мешавем, ки ахиран раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот аз суръати пасти интернет дар вилоят шикоят кард.Вай гуфт, ки суръати интернет дар баъзе ҳолатҳо дар қисматҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон паст буда, алоқаи одии мобилӣ низ қонеъкунанда нест.Дар ин замина, Мирзонабот дастур додааст, ки мушкилоти марбут ба суръату сифати интернет бояд бо назардошти ба инобат гирифтани минтақаҳои дурдасти вилоят, дар кӯтоҳтарин фурсат ҳал карда шаванд.
https://sputnik.tj/20231024/shikoyat-bisyor-beg-sabur-narkh-surat-internetro-shirkatho-barrasi-1060128486.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/75/1030827522_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_3842e038617b35317d7ab0054a971ae2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бег сабур масъулин алоқа ҳисобот тафсилот
бег сабур масъулин алоқа ҳисобот тафсилот
Пас аз як ҳафта мӯҳлат Бег Сабур дар бораи интернету алоқа ҳисобот гирифт: тафсилот
09:02 01.11.2023 (Навсозишуда: 12:15 01.11.2023) Раиси хадамот аз масъулин хостааст, ки иҷрои дастури президент ҷиҳати беҳтар намудани сифати интернет ва паст кардани арзиши он назорат намоянд
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур, пас аз як ҳафта муҳлати додааш ба масъулини соҳа барои муаян намудани камбудиҳо махсусан дақиқсозии манотиқи беинтернет ва беалоқа ҷаласа орост.
Дар ин бора дафтари матбуоти ин ниҳод гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, сардори Хадамот ба масъулини соҳаи алоқа ва ширкатҳои мобилӣ супориш додааст, ки норасоиву камбудиҳое, ки ҷиҳати таъмин намудани тамоми минтақаҳои кишвар бо алоқаи мобилӣ ва интернет ошкор гардидаанд, ба таври таъхирнопазир ислоҳ намоянд.
Ҳамчунин намояндагони бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва “Барқи Тоҷик” назари худро доир ба ҳамкорӣ бо ин бахш ва беҳтар ҷорӣ кардани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар сатҳи маҳалҳо, таъмини доимии истгоҳҳои мавҷрасон дар ҳама фаслҳои сол бо барқ ва дигар масъалаҳо иброз доштанд.
"Мувофиқа шуд, ки василаҳои анҷом додани амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ бидуни интернет коркард шавад",- афзудааст манбаъ.
Дар идомаи ҷаласа Бег Сабур, аз намояндагони ниҳодҳои масъул даъват намуд, ки иҷрои дастури президент ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобиливу интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишварро назорат намоянд.
Вай дар нишасти қаблияш изҳор дошта буд, ки арзиши интернет дар кишвар поин ва суръати он беҳтар шуда бошад ҳам, аммо то кунун нокифоя аст ва бояд боз беҳтар шавад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот аз суръати пасти интернет дар вилоят шикоят кард.
Вай гуфт, ки суръати интернет дар баъзе ҳолатҳо дар қисматҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон паст буда, алоқаи одии мобилӣ низ қонеъкунанда нест.
Дар ин замина, Мирзонабот дастур додааст, ки мушкилоти марбут ба суръату сифати интернет бояд бо назардошти ба инобат гирифтани минтақаҳои дурдасти вилоят, дар кӯтоҳтарин фурсат ҳал карда шаванд.