https://sputnik.tj/20230728/daromad-bakhsh-aloqa-tojikiston-1058492795.html
Даромади бахши алоқа дар Тоҷикистон маълум шуд
Даромади бахши алоқа дар Тоҷикистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кард, ки барои фаъолият дар ин бахши хизматрасонӣ чанд корхона иҷозатнома доранду давоми нимсола чӣ қадар даромад доштаанд
2023-07-28T11:41+0500
2023-07-28T11:41+0500
2023-07-28T11:42+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
алоқа
мобилӣ
ширкатҳои мобилӣ
хадамот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032651862_0:153:3075:1884_1920x0_80_0_0_d606075724a016cd1fc6f828cad543cd.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа, бо назардошти фароҳамкунандаҳои хусусӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба 1,9 млрд сомонӣ баробар шудааст. Дар ин бора ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ дар ин муддат наздик ба 1,6 млрд сомониро ташкил медиҳад. Шумораи корхонаҳое, ки дар бозори алоқаи Тоҷикистон барои фаъолият иҷозатнома доранд, 73 адад арзёбӣ гардид. Ба ҳисоби Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, даромади иҷозатномадорон дар нимсолаи аввали соли равон ба наздики 1,2 млрд сомонӣ баробар шудааст. Таъкид шудаст, ки аз ин даромадашон иҷозатномадорон 29 млн сомонӣ хироҷ супоридаанд. Ба иттилои Хадамоти алоқа аз ҳисоби рақамҳои алоқаи мобилӣ ба буҷаи давлат дар нимсола 10 млн сомонӣ ворид гардидаст. Аз ҷумла таъкид шудааст, ки ширкати "Тоҷиктелеком", ки саҳмияҳояш дар дасти давлат мебошанд, дар 6 моҳи соли равон ба муштариён ба маблағи беш аз 77,5 млн сомонӣ хизмат расондаст, ки нисбат ба нақша қариб 2% зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20230714/charo-simkortho-tojikiston-masdud-tafsilot-1058259753.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032651862_344:0:3075:2048_1920x0_80_0_0_172ce8f6a18355a6a7892d23b87294b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ширкат, мобилӣ, даромад, алоқа, тоҷикистон, фаъолият
ширкат, мобилӣ, даромад, алоқа, тоҷикистон, фаъолият
Даромади бахши алоқа дар Тоҷикистон маълум шуд
11:41 28.07.2023 (Навсозишуда: 11:42 28.07.2023) Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кард, ки барои фаъолият дар ин бахши хизматрасонӣ чанд корхона иҷозатнома доранду давоми нимсола чӣ қадар даромад доштаанд
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа, бо назардошти фароҳамкунандаҳои хусусӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба 1,9 млрд сомонӣ баробар шудааст.
Дар ин бора ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ дар ин муддат наздик ба 1,6 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Шумораи корхонаҳое, ки дар бозори алоқаи Тоҷикистон барои фаъолият иҷозатнома доранд, 73 адад арзёбӣ гардид.
Ба ҳисоби Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, даромади иҷозатномадорон дар нимсолаи аввали соли равон ба наздики 1,2 млрд сомонӣ баробар шудааст. Таъкид шудаст, ки аз ин даромадашон иҷозатномадорон 29 млн сомонӣ хироҷ супоридаанд.
Ба иттилои Хадамоти алоқа аз ҳисоби рақамҳои алоқаи мобилӣ ба буҷаи давлат дар нимсола 10 млн сомонӣ ворид гардидаст.
Аз ҷумла таъкид шудааст, ки ширкати "Тоҷиктелеком", ки саҳмияҳояш дар дасти давлат мебошанд, дар 6 моҳи соли равон ба муштариён ба маблағи беш аз 77,5 млн сомонӣ хизмат расондаст, ки нисбат ба нақша қариб 2% зиёд мебошад.