Тағйироти кадрӣ дар ВМКБ: Кӣ чӣ вазифа гирифт?

© Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБРаиси ВМКБ, Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед
Раиси ВМКБ, Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2023
Обуна шудан
Дар асоси пешниҳодҳои раиси ВМКБ бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар вилоят тағйирот кадрӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Муаррифии кадрҳои нав дар ҷаласаи назди раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, бо иштироки муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед сурат гирифт.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ошурбеков Ошурбек ба вазифаи директори Маркази вилоятии бемориҳои дил таъйин шуд.
Таҳмина Имомёрбекова ба таври гузариш аз мансаби директори Маркази саломатии шаҳри Хоруғ ба вазифаи директори Колеҷи тиббии шаҳри Хоруғ гузаронда шудааст.
Ҳофиз Аламшоев ба курсии директори Маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикии вилоят такя зад.
Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2023
Супориши Раҳмон барои ташхиси сокинони ВМКБ
Басхотун Ҷумъаева вазифаи директори Маркази мубориза бар зидди ВНМО дар вилоятро гирифт.
Исҳоқ Давлаталиев директори Маркази стансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ, Зафар Бахтиёров ба вазифаи директори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сили вилоят таъйин шудаст.
Зуҳро Олимшоева ба вазифаи сардори раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят таъин гардиданд.
Анвар Акрамов бо қарори раиси вилоят мансаби мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоятро гирифтаст.
Лентаи хабарҳо
0