https://sputnik.tj/20231107/sokinon-vmkb-tashkhis-roygon-tibbi-1060358483.html
Супориши Раҳмон барои ташхиси сокинони ВМКБ
Супориши Раҳмон барои ташхиси сокинони ВМКБ
Sputnik Тоҷикистон
Бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон даҳҳо мутахассисони соҳаи тандурустӣ барои гузарондани ташхису табобат ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафарбар шуданд
2023-11-07T15:25+0500
2023-11-07T15:25+0500
2023-11-07T17:44+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
беморхона
марказӣ
мутахассисон
корвон
саломатӣ
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102605/71/1026057195_1:0:3000:1687_1920x0_80_0_0_cb0121afde71c874c4ab32ff59d8278e.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. "Корвони саломатӣ" иборат аз 46 нафар мутахассиси соҳаи тандурустӣ ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафарбар карда шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин чорабонӣ бо дастури бевоситаи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст. Корвони мошинҳои ҳомили мутахассисони тиб 7 ноябр озими ВМКБ гардид, афзуд манбаъ. Таъкид шудааст, ки гурӯҳи корӣ бо раҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, мутахассисони тамоми бахшҳоро дар бар мегирад. "Дар назар аст, ки ба гурӯҳҳои алоҳида тақсимот шуда, ба тамоми сокинони вилоят, то санаи 11 уми ноябр хизматрасониҳои гуногуни тиббӣ расонда шавад", - омадааст дар иттилоия. Хадамоти ройгони тиббӣ аз ҷумла ташхис, муоина ва табобати ройгонро дар доираи ин корвони саломатӣ фаро мегирад. Таъкид гардидаст, ки сокинон метавонанд ба марказҳои саломатӣ ва беморхонаи марказии ҷои зисташон муроҷиат намуда ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта шаванд.
https://sputnik.tj/20231102/rusiya-ravand-muolija-kudakon-muhojir-sodatar-1060287861.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102605/71/1026057195_376:0:2625:1687_1920x0_80_0_0_c38c4e8758e9b2404ef17bbb5fe05edb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, супориш, ташхис, сокинон, вмкб
эмомалӣ раҳмон, супориш, ташхис, сокинон, вмкб
Супориши Раҳмон барои ташхиси сокинони ВМКБ
15:25 07.11.2023 (Навсозишуда: 17:44 07.11.2023) Бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон даҳҳо мутахассисони соҳаи тандурустӣ барои гузарондани ташхису табобат ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафарбар шуданд
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. "Корвони саломатӣ" иборат аз 46 нафар мутахассиси соҳаи тандурустӣ ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафарбар карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин чорабонӣ бо дастури бевоситаи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст.
Корвони мошинҳои ҳомили мутахассисони тиб 7 ноябр озими ВМКБ гардид, афзуд манбаъ.
Таъкид шудааст, ки гурӯҳи корӣ бо раҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, мутахассисони тамоми бахшҳоро дар бар мегирад.
"Дар назар аст, ки ба гурӯҳҳои алоҳида тақсимот шуда, ба тамоми сокинони вилоят, то санаи 11 уми ноябр хизматрасониҳои гуногуни тиббӣ расонда шавад", - омадааст дар иттилоия.
Хадамоти ройгони тиббӣ аз ҷумла ташхис, муоина ва табобати ройгонро дар доираи ин корвони саломатӣ фаро мегирад.
Таъкид гардидаст, ки сокинон метавонанд ба марказҳои саломатӣ ва беморхонаи марказии ҷои зисташон муроҷиат намуда ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта шаванд.