https://sputnik.tj/20231111/rahmon-jonibho-alohida-falokati-bashariro-ghazza-nodida-1060437194.html
Раҳмон: Ҷонибҳои алоҳида фалокати башариро дар навори Ғазза нодида мегиранд
Раҳмон: Ҷонибҳои алоҳида фалокати башариро дар навори Ғазза нодида мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Тоҷикистон гуфт, ки ҷонибҳои алоҳида мавқеи духӯра ва хомӯширо ихтиёр карда, фалокати башариеро, ки имрӯзҳо дар Ғазза идома дорад, нодида мегиранд
2023-11-11T20:39+0500
2023-11-11T20:39+0500
2023-11-11T20:40+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ғазза
фаластин
вазъ
мушкилот
нигаронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/12/1060021960_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_a2971dc2fbc3a738ddf1bc291f6c4da9.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар нишасти муштараки изтирории арабию исломӣ гуфт, ки ҳоло зиёда аз ду миллион аҳолӣ дар навори Ғазза дар шароити муҳосираи комил аз камбуди озуқаворӣ, барқ, доруворӣ ва дигар маводи ниёзи аввалӣ азият мекашанд.“Онҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои қатъиро интизоранд, то ба фоҷиа ва ранҷу азияташон хотима бахшида шавад. Дар ҳоле ки даргириву хунрезӣ дар ин минтақа ба нуқтаи авҷи худ расидааст, ҳанӯз иқдомоти ҷиддиву таъсирбахши ҷонибҳои дахлдор ва манфиатдор барои ба эътидол овардани вазъият ба мушоҳида намерасад”, - таъкид кардааст кишвардори Тоҷикистон.Вай таъкид кард, ки ҷонибҳои алоҳида мавқеи духӯра ва хомӯширо ихтиёр карда, фалокати башариеро, ки имрӯзҳо дар навори Ғазза идома дорад, нодида мегиранд.Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон аз Созмони ҳамкории исломи даъват кард ки барои хотимаи ҳарчи зудтари муноқишаву даргириҳо дар ин минтақа дар ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари байналмилалӣ ва ҷонибҳои манфиатдор иқдом намояд.Вай гуфт, кишварҳои аъзои Созмонро лозим аст, ки дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона барои расонидани кумакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои амалӣ андешанд.Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки имрӯз ба суботи минтақаҳои мухталифи олами ислом ҷиддан халалдор серасонанд ва оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии манфии дарозмуддатро ба бор овардаанд.“Миллионҳо нафарон баҳри дарёфти ҳаёти осоишта ва хубтар иҷборан гуреза ва муҳоҷир шудаанд. Чунин вазъи ҳассос моро водор менамояд, ки пайгирона роҳҳои муассири таъмини рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии уммати мусулмонро, ки ҳақуқи маънавии зиндагии шоистаро дорад, пайдо намоем”, - қайд кард кишвардори Тоҷикистон.Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар зимни суханрониаш зарурати таъсиси фонди махсуси сармоягузорӣ ва рушдро барои дастгирии молиявию иҷтимоии кишварҳои ҷаҳони ислом ёдоварӣ кард.Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки Тоҷикистон, ки дар таърихи муосири худ ҷанги харобиовари таҳмилии дохилиро паси сар намудааст, ҷонибдори иқдомоти сулҳофарӣ ва ҳаллу фасли мусолиматомези ҳама гуна мушкилоту мухолифатҳои ҷаҳонӣ мебошад.Раҳбари Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид даъват кард, ки иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқӣ дар бориа ҳимояи тартиботи байналмилалиро дар робита бо Фаластин таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.Вай илова кард Тоҷикистон ҳамеша омода аст дар ин раванд ба андозаи имкон саҳми хешро гузорад.
https://sputnik.tj/20231111/rahmon-hamla-inshooti-ghayrinizomi-ghazza-mahkum-1060436835.html
https://sputnik.tj/20231111/raisjumhuri-eron-islom-davat-falastin-musallah-1060436604.html
ғазза
фаластин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/12/1060021960_57:0:2788:2048_1920x0_80_0_0_9202320e3805ece2ff8a4c1c7a267798.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фаластин, ғазза, фалокати башарӣ, мавқеъ, эмомалӣ раҳмон, арабистони саудӣ
тоҷикистон, фаластин, ғазза, фалокати башарӣ, мавқеъ, эмомалӣ раҳмон, арабистони саудӣ
Раҳмон: Ҷонибҳои алоҳида фалокати башариро дар навори Ғазза нодида мегиранд
20:39 11.11.2023 (Навсозишуда: 20:40 11.11.2023) Раҳбари Тоҷикистон гуфт, ки ҷонибҳои алоҳида мавқеи духӯра ва хомӯширо ихтиёр карда, фалокати башариеро, ки имрӯзҳо дар Ғазза идома дорад, нодида мегиранд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар нишасти муштараки изтирории арабию исломӣ гуфт, ки ҳоло зиёда аз ду миллион аҳолӣ дар навори Ғазза дар шароити муҳосираи комил аз камбуди озуқаворӣ, барқ, доруворӣ ва дигар маводи ниёзи аввалӣ азият мекашанд.
“Онҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои қатъиро интизоранд, то ба фоҷиа ва ранҷу азияташон хотима бахшида шавад. Дар ҳоле ки даргириву хунрезӣ дар ин минтақа ба нуқтаи авҷи худ расидааст, ҳанӯз иқдомоти ҷиддиву таъсирбахши ҷонибҳои дахлдор ва манфиатдор барои ба эътидол овардани вазъият ба мушоҳида намерасад”, - таъкид кардааст кишвардори Тоҷикистон.
Вай таъкид кард, ки ҷонибҳои алоҳида мавқеи духӯра ва хомӯширо ихтиёр карда, фалокати башариеро, ки имрӯзҳо дар навори Ғазза идома дорад, нодида мегиранд.
Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон аз Созмони ҳамкории исломи даъват кард ки барои хотимаи ҳарчи зудтари муноқишаву даргириҳо дар ин минтақа дар ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари байналмилалӣ ва ҷонибҳои манфиатдор иқдом намояд.
Вай гуфт, кишварҳои аъзои Созмонро лозим аст, ки дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона барои расонидани кумакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки имрӯз ба суботи минтақаҳои мухталифи олами ислом ҷиддан халалдор серасонанд ва оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии манфии дарозмуддатро ба бор овардаанд.
“Миллионҳо нафарон баҳри дарёфти ҳаёти осоишта ва хубтар иҷборан гуреза ва муҳоҷир шудаанд. Чунин вазъи ҳассос моро водор менамояд, ки пайгирона роҳҳои муассири таъмини рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии уммати мусулмонро, ки ҳақуқи маънавии зиндагии шоистаро дорад, пайдо намоем”, - қайд кард кишвардори Тоҷикистон.
Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар зимни суханрониаш зарурати таъсиси фонди махсуси сармоягузорӣ ва рушдро барои дастгирии молиявию иҷтимоии кишварҳои ҷаҳони ислом ёдоварӣ кард.
“Бори дигар таъкид карданиам, ки дар ин раванд кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи ҷаҳони ислом, ки имкониятҳои фарохи молиявию сармоягузорӣ доранд, метавонанд нақши муассир дошта бошанд”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки Тоҷикистон, ки дар таърихи муосири худ ҷанги харобиовари таҳмилии дохилиро паси сар намудааст, ҷонибдори иқдомоти сулҳофарӣ ва ҳаллу фасли мусолиматомези ҳама гуна мушкилоту мухолифатҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Раҳбари Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид даъват кард, ки иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқӣ дар бориа ҳимояи тартиботи байналмилалиро дар робита бо Фаластин таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Вай илова кард Тоҷикистон ҳамеша омода аст дар ин раванд ба андозаи имкон саҳми хешро гузорад.