https://sputnik.tj/20231111/omodagi-tojikiston-imtiyoz-sabuki-sarmoyaguzor-saudi-1060431755.html
Омодагии Тоҷикистон барои пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба сармоягузорони Арабистони Саудӣ
Омодагии Тоҷикистон барои пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба сармоягузорони Арабистони Саудӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти Арабистони Саудӣ сармоягузории ин кишвар дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ҷумҳуриро баррасӣ кард
2023-11-11T14:28+0500
2023-11-11T14:28+0500
2023-11-11T14:28+0500
дар тоҷикистон
арабистони саудӣ
ҳамкорӣ
равобит
сармоягузорӣ
имтиёз
сабукӣ
эмомалӣ раҳмон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0b/1060430450_0:0:800:449_1920x0_80_0_0_10344551b25d52d2c4a2f960dd80277f.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар ҳошияи нишасти изтирории сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Риёз раисҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот кард.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба иштирок ва мусоидати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳокима гардид.Ҳамчунин тарафҳо рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии тадбирҳои муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ маънидод карда шуд.Ҷонибҳо вобаста ба ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, нассоҷӣ, саноати дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маъданҳо, энергетика, таъсиси Фонд ё Ширкати муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои дастгирии лоиҳаҳои сармоягузории хурду миёна дар Тоҷикистон, табодули афкор карданд.Ҳамзамон тарафҳо вобаста ба масъалаи ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим дар масири Душанбе – Ҷидда ва ташкили хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ табодули назар карданд.Дар ҳамин ҳол, қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳамсозии имтиёзу сабукиҳои зарурӣ ба сармоягузорони саудӣ дар заминаи қонунгузории амалкунанда омода мебошад.
https://sputnik.tj/20231111/rahmon-bo-masulini-fondi-rushdi-saudi-mablaghguzorii-sokhtmoni-nbo-roghunro-barrasi-kard-1060431573.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0b/1060430450_43:0:754:533_1920x0_80_0_0_0fd80b7784d0c838cd20aa1ed9efd7d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, арабистони саудӣ, ҳамкорӣ, сармоягузорӣ, равобит, имтиёз, сабукӣ, сармоягузорон, омодагӣ, ҳукумат
тоҷикистон, арабистони саудӣ, ҳамкорӣ, сармоягузорӣ, равобит, имтиёз, сабукӣ, сармоягузорон, омодагӣ, ҳукумат
Омодагии Тоҷикистон барои пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба сармоягузорони Арабистони Саудӣ
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти Арабистони Саудӣ сармоягузории ин кишвар дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ҷумҳуриро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар ҳошияи нишасти изтирории сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Риёз раисҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба иштирок ва мусоидати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳокима гардид.
Ҳамчунин тарафҳо рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии тадбирҳои муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ маънидод карда шуд.
Ҷонибҳо вобаста ба ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, нассоҷӣ, саноати дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маъданҳо, энергетика, таъсиси Фонд ё Ширкати муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои дастгирии лоиҳаҳои сармоягузории хурду миёна дар Тоҷикистон, табодули афкор карданд.
Ҳамзамон тарафҳо вобаста ба масъалаи ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим дар масири Душанбе – Ҷидда ва ташкили хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ табодули назар карданд.
Дар ҳамин ҳол, қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳамсозии имтиёзу сабукиҳои зарурӣ ба сармоягузорони саудӣ дар заминаи қонунгузории амалкунанда омода мебошад.