Раҳмон бо масъулини Фонди рушди Саудӣ маблағгузории сохтмони НБО Роғунро баррасӣ кард

© Sputnik / Стас ЭтвешРогунская ГЭС
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо масъулини Фонди рушди Саудӣ татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, хусусан Неругоҳи барқи обии “Роғун баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти изтирории сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Риёз бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршал мулоқот кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар ин мулоқот вазъи кунунии ҳамкорӣ бо Фонди рушди Саудӣ ва зарурати идомаи он барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон таъкид гардид.
Қайд карда шудааст, ки барои иштироки Фонди рушди Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидоэнергетикии Тоҷикистон, хусусан Неругоҳи барқи обии “Роғун”, дастгирӣ ва мусоидат ба маблағгузории сохтмони он фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.
Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2023
Тоҷикистон барои сохтмони НБО "Роғун" 100 млн доллар дарёфт кард: кӣ медиҳад?
“Ҳамчунин идомаи ҳамкории босамари Тоҷикистон ва Фонди рушди Саудӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ дар Тоҷикистон таъкид гардид”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тиҷорату сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ омодагӣ ва ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Фонди рушди Саудӣ минбаъд низ ба таври назаррас густариш меёбад.
Лентаи хабарҳо
0