https://sputnik.tj/20231111/kohishi-judoshavii-oilaho-nohiya-khatlon-1060428914.html
Коҳиши назарраси ҷудошавии оилаҳо дар яке аз ноҳияҳои Хатлон
Коҳиши назарраси ҷудошавии оилаҳо дар яке аз ноҳияҳои Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар ин минтақа дар соли равон ба таври назаррас талоқ камтар сабт шудааст
2023-11-11T13:16+0500
2023-11-11T13:16+0500
2023-11-13T11:55+0500
дар тоҷикистон
хатлон
талоқ
абдураҳмони ҷомӣ
ақди никоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032985911_0:133:2556:1571_1920x0_80_0_0_ee52b513036e3e09751a949f2ff224db.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҷабзода Зебогул таъкид кардааст, ки дар ноҳия давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 90 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 125 ҳолат камтар аст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.Тибқи иттилои хонум Зебогул дар давоми 10 моҳи соли гузашта дар ин ноҳия 201 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда буд.Вай сабаби кам шудани пошхурии оилаҳо дар ноҳияро ба пурзур кардани суҳбату вохуриҳо миёни ҷавонон ва аҳолӣ аз ҷониби кормандон дар ҳамдастӣ бо бахши кор бо занон, бахши кор бо ҷавонон ва дигар сохторҳо рабт додааст.“Минбаъд низ мо талош мекунем, ки суҳбату вохуриҳоро бештар карда боз ҳам ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳия кам кунем”, – илова кард хонуми мансабдор.Ба гуфти Зебогул, дар ноҳия баъди пош хурдани 90 оила дар 10 моҳи соли ҷорӣ беш аз 50 кӯдак аз тарбия яке аз волидони худ маҳрум монда, ҳама дар нигоҳубини модарон боқӣ мондаанд.Қайд карда шудааст, ки дар ин давра дар ноҳия 943 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки ин нисбати 10 моҳи соли гузашта 110 ҳолат зиёдтар аст.
https://sputnik.tj/20230410/viloyati-khatlon-taloq-kam-nikoh-ziyod-1056356988.html
абдураҳмони ҷомӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032985911_142:0:2414:1704_1920x0_80_0_0_87219ad8e8e485a50f04c267dab3da97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, ҷудошавии оилаҳо, талоқ, коҳиш, абдураҳмони ҷомӣ
тоҷикистон, хатлон, ҷудошавии оилаҳо, талоқ, коҳиш, абдураҳмони ҷомӣ
Коҳиши назарраси ҷудошавии оилаҳо дар яке аз ноҳияҳои Хатлон
13:16 11.11.2023 (Навсозишуда: 11:55 13.11.2023) Ба иттилои мақомоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар ин минтақа дар соли равон ба таври назаррас талоқ камтар сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҷабзода Зебогул таъкид кардааст, ки дар ноҳия давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 90 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 125 ҳолат камтар аст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Тибқи иттилои хонум Зебогул дар давоми 10 моҳи соли гузашта дар ин ноҳия 201 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда буд.
Вай сабаби кам шудани пошхурии оилаҳо дар ноҳияро ба пурзур кардани суҳбату вохуриҳо миёни ҷавонон ва аҳолӣ аз ҷониби кормандон дар ҳамдастӣ бо бахши кор бо занон, бахши кор бо ҷавонон ва дигар сохторҳо рабт додааст.
“Минбаъд низ мо талош мекунем, ки суҳбату вохуриҳоро бештар карда боз ҳам ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳия кам кунем”, – илова кард хонуми мансабдор.
Ба гуфти Зебогул, дар ноҳия баъди пош хурдани 90 оила дар 10 моҳи соли ҷорӣ беш аз 50 кӯдак аз тарбия яке аз волидони худ маҳрум монда, ҳама дар нигоҳубини модарон боқӣ мондаанд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин давра дар ноҳия 943 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки ин нисбати 10 моҳи соли гузашта 110 ҳолат зиёдтар аст.