Дар вилояти Хатлон талоқ кам шуду никоҳ зиёд

© marcojean20 / pixabayОбручальные кольца на столе
Обручальные кольца на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, ки яке аз сабабҳои кам шудани ҷудошавии оилаҳоро бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар вилояти Хатлон давоми се моҳи соли ҷорӣ 758 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудаст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 212 ҳолат кам мебошад, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои манбаъ,бастани ақди никоҳ дар вилоят нисбати се моҳи соли гузашта 725 ҳолат зиёд шудааст.
Ба иттилои сардори Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвании Раёсати адлияи вилояти Хатлон Бунафша Раҳимзода, яке аз сабабҳои кам шудани ҷудошавии оилаҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ аз ҷониби шуъба ва бахшҳои САҲШ дар шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо дигар мақомот аст.
“Аз 758 ҳолати бекоркунии ақди никоҳ 569 ҳолат бо қарори суд, 180 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд ва 9 ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор шуданд”, – қайд кард Б.Раҳимзода.
Манбаъ зикр кард, ки агарчи дар 22 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ҷудошавии оилаҳо кам шуда бошад, аммо дар ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ ва Носири Хусрав ҷудошавии оилаҳо аз 8 то 31 ҳолат зиёд шудааст.
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2023
Нархи талоқ дар Тоҷикистон гаронтар мешавад: афзоиши боҷ барои ҷудошавии оилаҳо
Ба иттилои Бунафша Раҳимзода, баъди пошхӯрии ин оилаҳо 784 кӯдаки ноболиғ аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум шуданд ва аз ин 13 кӯдак дар тарбияи падар ва боқӣ 771 кӯдаки дигар зери парастории модарон мондаанд.
Хонум Раҳимзода илова кард, ки дар се моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 8 ҳазору 744 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудаст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 725 ҳолат зиёд мебошад.
“Аз ин шумора 94 ҳолати бастани ақди никоҳ бо ҳалномаи суд сурат гирифтааст, ки бештари он дар ноҳияи Қубодиён-32 ҳолат ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ-14 ҳолатро ташкил медиҳад”, - қайд кард сардори Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвании Раёсати адлияи вилояти Хатлон.
Лентаи хабарҳо
0