Мирзиёев даъват кард, ки Афғонистонро ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ҳамроҳ кунанд

© Пресс-служба президента УзбекистанаШавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Обуна шудан
Ҳамзамон Мирзиёев аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки кумакҳои башардӯстона ба афғонҳоро афзоиш диҳанд ва аз мушкилоти дохилии ин кишвар фаромӯш накунад
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Афғонистон бояд ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ҷалб карда шавад.
Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон зимни суханронӣ дар нишасти сарони СҲИ дар Тошканд изҳор дошт.
Ин изҳороти раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҳоле расонаӣ шуд, ки намояндагони ҳукумати феълии Афғонистон дар ин чорабинӣ ҳузур надоштанд, ҳарчанд ин кишвар узви ин созмон мебошад.
Ба назари Шавкат Мирзиёев, ширкати Афғонистон дар фаъолияти СҲИ барои рушди худи ин иттиҳодия зарур аст.
"Мо наметавонем иҷоза бидиҳем, ки кишвари сермиллати Афғонистон, ки дар тӯли асрҳо ҳамсояи наздиктарини мо буд, бо мушкилоти имрӯзаи печида танҳо монад", - қайд кард роҳбари Ӯзбекистон.
Илова бар ин, Мирзиёев аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро афзоиш диҳанд ва ҳамчунин мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии дохили ин кишварро фаромӯш накунад.
Афғонистон узви СҲИ аст, аммо тавре қаблан котиби матбуотии раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шерзод Асадов изҳор дошт, намояндагони Кобул ба ин нишаст даъват нашуданд, зеро ҳукумати феълии муваққати Афғонистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф нашудааст.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Мирзиёев ба Душанбе меояд: Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 8-9 ноябр дар пойтахти Ӯзбекистон нишасти 16-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба далели сафари расмии ҳамтои эронии худ Иброҳим Раисӣ ба Душанбе ба ин чорабинӣ дер расид.
Қаблан дафтари матбуоти раисиҷумҳури Ӯзбекистон хабар дода буд, ки ширкаткунандагони ҳамоиш масоили тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, коммуникатсия ва башардӯстона дар доираи СҲИ ва беҳбуди фаъолияти ин сохтори бисёрҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар чорабинӣ ба ҷуз аз раҳбари Тоҷикистон, сарони Эрон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия, Қирғизистон, Туркманистон ва Покистон низ даъват шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0