https://sputnik.tj/20231109/mirziyoev-dushanbe-muloqot-rahbar-tojikiston-uzbekiston-1060390545.html
Мирзиёев ба Душанбе меояд: Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд
Мирзиёев ба Душанбе меояд: Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили густариши ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд
2023-11-09T10:49+0500
2023-11-09T10:49+0500
2023-11-09T11:29+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
шавкат мирзиёев
эмомалӣ раҳмон
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060390839_0:100:2048:1252_1920x0_80_0_0_c8de03e6a805929e422e374d9fc7eb85.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.Зимни мулоқот ду роҳбар изҳори умедворӣ карданl, ки ташрифи давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки соли оянда дар назар аст, ба инкишофи минбаъдаи робитаҳои ду давлат ва ба сатҳи иттифоқчӣ баровардани муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон мусоидати муассир хоҳад намуд.Ҷонибҳо барои дар доираи ин сафар баргузор намудани силсилаи чорабиниҳо, аз қабили форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, форуми олимон, ҷавонон, мулоқоти занони пешсаф, шоми дӯстӣ, намоиши муштараки маҳсулот ва чорабиниҳои варзишӣ ба мувофиқа расиданд.Зимни суҳбат Сарони давлатҳо ҳамчунин дар бораи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
https://sputnik.tj/20231109/rahmon-toshkand-safari-korii-raisjumhur-tojikiston-uzbekiston-1060389830.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060390839_171:0:1992:1366_1920x0_80_0_0_4ec60e9426f686637d4d58f744b19b89.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, ҳамкорӣ, равобит, мулоқот, сафар, фарҳанг, иқтисод, раҳмон, мирзиёев
тоҷикистон, ӯзбекистон, ҳамкорӣ, равобит, мулоқот, сафар, фарҳанг, иқтисод, раҳмон, мирзиёев
Мирзиёев ба Душанбе меояд: Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд
10:49 09.11.2023 (Навсозишуда: 11:29 09.11.2023) Раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили густариши ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.
Зимни мулоқот ду роҳбар изҳори умедворӣ карданl, ки ташрифи давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки соли оянда дар назар аст, ба инкишофи минбаъдаи робитаҳои ду давлат ва ба сатҳи иттифоқчӣ баровардани муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон мусоидати муассир хоҳад намуд.
Ҷонибҳо барои дар доираи ин сафар баргузор намудани силсилаи чорабиниҳо, аз қабили форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, форуми олимон, ҷавонон, мулоқоти занони пешсаф, шоми дӯстӣ, намоиши муштараки маҳсулот ва чорабиниҳои варзишӣ ба мувофиқа расиданд.
Зимни суҳбат Сарони давлатҳо ҳамчунин дар бораи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.