https://sputnik.tj/20231109/lavrov-iiao-va-idm-dollarzudoi-peshqadamand-1060390293.html
Лавров: ИИАО ва ИДМ дар роҳи долларзудоӣ пешқадаманд
Лавров: ИИАО ва ИДМ дар роҳи долларзудоӣ пешқадаманд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷии Русия ахиран изҳор дошт, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона раванди долларзудоиро роҳандозӣ кардаанд
2023-11-09T12:06+0500
2023-11-09T12:06+0500
2023-11-09T12:16+0500
русия
дар русия
сергей лавров
доллар
иқтисод
идм
ииао
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1d/1057419166_0:0:3084:1736_1920x0_80_0_0_feab0843ffd2e9f5619a1f9621f8cd73.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Равандҳои долларзудоӣ ҳарчи бештар суръат мегиранд.Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни як нишасте дар мавзӯи роҳи ҳалли масъалаи Украина изҳор дошт.Ба гуфтаи вай муҳаррики ин раванд дар иқтисоди ҷаҳонӣ Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад."Маълум аст, ки дар байни омилҳои долларзудоӣ мо созмонҳоеро ба мисли Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебинем”, - гуфт ӯ.Ба гуфтаи оқои Лавров, ҳиссаи пули миллӣ дар тиҷорат миёни кишварҳои узв ба 85-90% расидааст."Табодули колои мо бо Чин тақрибан ба ҳамин сатҳ мерасад", - қайд кард вазири корҳои хориҷии Русия.Вазир ёдовар шуд, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ дар нишасти БРИКС нияти таъсиси воҳиди умумии ҳисоб ба ҷуз пули миллӣ баён шуда буд.Вай инчунин ба тасмими АСЕАН дар бораи пешбурди ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори маҳаллӣ ва пайваст кардани системаҳои пардохти минтақавӣ ишора кард.Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бояд дар заминаи суботи иқтисодӣ нақши калидӣ бозад.
https://sputnik.tj/20231108/prezident-rusiya-iiao-naqshi-kalidi-1060373197.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1d/1057419166_353:0:3084:2048_1920x0_80_0_0_ee024dc55ee1738f5d77901d32a0a99f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ииао, долларзудоӣ, пешқадам, идм, авруосиё, лавров
русия, ииао, долларзудоӣ, пешқадам, идм, авруосиё, лавров
Лавров: ИИАО ва ИДМ дар роҳи долларзудоӣ пешқадаманд
12:06 09.11.2023 (Навсозишуда: 12:16 09.11.2023) Вазири хориҷии Русия ахиран изҳор дошт, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона раванди долларзудоиро роҳандозӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Равандҳои долларзудоӣ ҳарчи бештар суръат мегиранд.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни як нишасте дар мавзӯи роҳи ҳалли масъалаи Украина изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай муҳаррики ин раванд дар иқтисоди ҷаҳонӣ Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад.
"Маълум аст, ки дар байни омилҳои долларзудоӣ мо созмонҳоеро ба мисли Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебинем”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи оқои Лавров, ҳиссаи пули миллӣ дар тиҷорат миёни кишварҳои узв ба 85-90% расидааст.
"Табодули колои мо бо Чин тақрибан ба ҳамин сатҳ мерасад", - қайд кард вазири корҳои хориҷии Русия.
Вазир ёдовар шуд, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ дар нишасти БРИКС нияти таъсиси воҳиди умумии ҳисоб ба ҷуз пули миллӣ баён шуда буд.
Вай инчунин ба тасмими АСЕАН дар бораи пешбурди ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори маҳаллӣ ва пайваст кардани системаҳои пардохти минтақавӣ ишора кард.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бояд дар заминаи суботи иқтисодӣ нақши калидӣ бозад.